КИТОБИ ОРЗУҲО

ин ҷои таассуф аст. Ақидаи ғалате дар мо рушд кардааст, ки гӯё ба ҷо овардани ин таомули арзишманд танҳо хосси мардуми шаҳрнишин бошад. Орзуи хайру баракат ва саломатӣ намудан ба якдигар, ба шаҳрӣ ва рустоӣ будани шахс чӣ вобастагӣ дорад, ман намедонам...
Ҳамкоре доштем бо номи Сайфиддин.
Ҳар рӯз, ҳангоми ба кор омадан бо ҳама ҳамкорон самимона салому алайк карда, ҳолу аҳвол мепурсид ва мегуфт: «Рӯзатон ба хайру шодӣ бод!» Ин амалро ҳамеша такрор мекард, тарки одат надошт. Танҳо ҳамин як сухани хуш як муҳити босафову сарҳолиро ба вуҷуд меовард. Дигаронро намедонам, шахсан барои ман боиси эҳсоси рӯҳбаландӣ мегашт, ҳарчанд баъзеҳо лабхандҳои маънидоре мезаданд, ба маънии нақс доштани асабҳояш. Охир, ӯ тамоман инсони солимақл буд, танҳо ба ҳама орзуву таманнои хушӣ дошт.
Ба ҷои шаби хуш орзу намудан, сухан ё гуфтаи «машҳур»-и дигаре дорем ва ҳамеша онро истифода мебарем: «Хайр, хобҳои индиский бибинӣ!» Яъне, чӣ? Аз «хобҳои индиский» мо чӣ фоидае мебинем? Дар сурате, ки зиндагии имрӯза бо ҳама заҳмату сахтиҳояш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё