Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Китоби орзу

Барои харидани баъзе майда-чайдаҳо ба
мағозаи акаи Саидвалӣ даромадам. Аз китоби
паҳлӯи тарозуяш, варақеро даронда, маводи
лозимиро ба он мепечонд. Фурӯшанда пулашро ҳисоб намуд. Маблағи даркориро супоридам. Ба хона расида, халтаи хӯроквориро ба
дасти бибиям додам. Айёми таътил буд. Ман
ҳам «аз бекорӣ кадукорӣ гуфта», он
варақҳоеро, ки акаи Саидвалӣ харидаҳои манро печонда буд, шурӯъ ба хондан кардам. Аслан бибиям чизҳои он халтаро холӣ карда, ба ман дода, фармуд, ки ба сатили партовҳо андозам. Аммо ман ба хубӣ тозаашон кардам.
Шумурда дидам, ки аз 8 саҳифа иборатанд.
Шурӯъ намудам ба хондан. Бо завқу ҳаваси беандоза мехондам, вале тоза ба ҷои ҷолибаш расида будам, ки варақҳо тамом шуданд.
Қисса нотамом монд. Эҳ, аҷаб коре шуд. Ҷои ҳаяҷонангезу аҷибаш омада буд. Дар бораи писараке сухан мерафт, ки мехост аз хонаи падарӣ гурезад, вале метарсид. Дар охир ба ин қарор меояд, ки бояд гурезад ва аз хона берун мешавад. Мехостам бидонам, ки давомаш бо чӣ меанҷомад. Давида ба дукони акаи Саидвалӣ рафтам.
– Акаи Саидвалӣ, ҳамонро китобро агар медодед, зуд хонда бармегардондам – гуфтамаш.
– Кадом китобро? – сарфаҳм нарафта пурсид ӯ.
– Ҳамон китобе, ки наздатон ҳаст.

пешина
аз 95
навбатӣ