Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Истироҳатамро кам карда, корҳоямро метезонам.
Аҷаб ҳавое шудааст дар берун. Аз ҳавои тозаву соф чуқур-чуқур нафас кашидам.
Мехоҳам ҳар як ҳуҷайраи баданам аз ин неъмати бебаҳои Худованд бенасиб намонад.
Се-чор рӯз аст, ки ба берун набаромадаам. Боз ҳам айби вақт. Вақт нест, фурсат даст намедиҳад. То ҷашни Наврӯз ҳамаро тахт кардан лозим. Чунки ба аёдати волидайн бояд биравам. Дар иди Наврӯз онҳо ҳатман чашм ба роҳам мешаванд, ки: «Духтарамон меомада бошад?» Баъди ба наздашон расидан хушнудонаву ризомандона нидо мезананд, ки: «Ана духтарамон хабаргирӣ омад!»
Ба ёди падару модар дилам гум зад. Ба дарахтҳои сари роҳ, ки аз пушти хонаам мегузарад, чашм духта ғарқи андеша гаштам.
– Мяу, мяу.
Садои баланди гурба, ки аз айвони ҳамсоя, бо чашмони барқпош сӯям менигарист, маро лаҳзае аз олами афкорам берун овард. Гурба шинос ба назарам омад. Хеле шинос. Гӯё дар куҷое ин гурбаро дидаам.
Шаклу рангаш хеле ширину ошно.

пешина
аз 95
навбатӣ