МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

БА КАЙҲОННАВАРД
То баркушоӣ роҳе дар бекарони кайҳон,
Ман роҳи нав кушоям дар қаъри дарраи танг,
То барканӣ ту нақбе дар тоқи чархи мино,
Нақби наве занам ман дар тоқҳои шахсанг.
Як бор то бигирӣ домони моҳу анҷум,
Сад бор ман бигирам домони кўҳсорон,
Як бор то бикўбӣ дарвозаи Сурайё,
Сад бор ман бикўбам дарҳои ганҷи пинҳон.
Чун во кунӣ тилисми ҳафт ошёнаи арш,
Аз осмон биёрӣ пайғоми осмонҳо,
Ман во кунам тилисми ганҷинаҳои сармад,
Резам ба пеши поят симу зари заминро.
ШИРМАҲТОБ
Ширмаҳтоб аз сари шаб то саҳар
Якка аз дашти фалак бори дигар,
Хўшаҳои ахтаронро чида рафт.
Боз имшаб он арўси ҷовидон
Дода бар олам ҷамолашро нишон,
Дар ҳарири абрҳо печиду рафт.
Боз нурафшону хандон моҳтоб
Аз лабони дилбарони масти хоб
Ошиқона бўсаҳо дуздиду рафт.
Боз аз рухсораи дилдори ман
Ҳамчу нури дидаи бедори ман
Нури маҳ вақти саҳар лағжиду рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё