Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАРАВГАРДУХТАР

Куҷо рафтӣ?
Ки дар роҳи Тагоб овора гаштам,
Суроғат кардаму бечора гаштам,
Куҷо рафтӣ, ки гум кардам
Ду рухсори арақгулкардаатро,
Куҷо рафтӣ, ки гум кардам
Туро ба барқи доси шабдаравҳо,
Туро бо қабзаи гандум,
Туро паҳлу ба паҳлуи ғарамҳо,
Туро бо лаҳзаҳои муштабандӣ,
Туро бо хандаҳои дилписанде...
Куҷо рафтӣ, ки гум кардам
Туро ман бо ҳаёҳуи даравгар,
Навою савти дилҷўи даравгар,
Фурўғи гулхани шабҳои бемоҳ,
Суруди коҳкашҳо қад-қади роҳ.
Биё, боз о, таги бурси ягона,
Даме бо ҳам нишинем ошиқона,
Биёвар ҷои гул як хўшаи ҷав,
Ки дорам банди дастони ту аз нав.


Маро мехоҳию аммо нахоҳӣ
Ба ҳар як тори мўят байт монам,
Маро мехоҳию аммо нахоҳӣ
Ба ҳар кас қиссаи ишқат бихонам.

Маро месанҷию меранҷӣ, гар ман
Ба кас гўям: диле шўрида дорӣ,
Таровад аз танат гармии хуршед,
Шамими резаборони баҳорӣ.

пешина
аз 264
навбатӣ