Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Диле монанди тилло дар гудоз аст,
Ки дилдоре кунад овезаи гўш.

Ало эй абр, боронат куҷо шуд?
Ало эй кўҳ, торонат куҷо шуд?
Дили анбўҳи беша пур зи андўҳ,
Ало эй кабк, ёронат куҷо шуд?

Рабудам номае аз кафтари мавҷ,
Ки байте дорад, он аз дафтари мавҷ:
«Дуруди соҳили заркашқаборо
Расон эй қосидак, бар заргари мавҷ».

Биё бо ман, ки мо ҳампеша бошем,
Ду оҳуи даванди беша бошем,
Ду кабки масти ҳамовои дарё,
Ду нахли руста аз як реша бошем.
Маҳ аз пушти ғарам оҳиста лағжид,
Чу сайёде ба хам оҳиста лағжид,
Канорам хуфта будӣ, банди дастат
Ба рўи синаам оҳиста лағжид.

Чӣ бошӣ? Ҳамқади шамшод бошӣ,
Чӣ бошӣ? Ҳамдами гулбод бошӣ,
Агар ово диҳад мурғи шабовез,
Ҳамоно озими меод бошӣ.

Ту имшаб омадӣ бо навбаҳорон,
Сарандозат зи тўри риштаборон,
Худоят нозанинтар кард имшаб
Туро бо парниёни обшорон.

Ало, эй ёри ноогоҳ аз мо,
Ки шабҳо меравӣ чун моҳ аз мо,
Намеафтӣ дигар бар чанги абре,
Агар хоҳӣ яке ҳамроҳ аз мо.

пешина
аз 264
навбатӣ