Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧЎПОН

Ту ҳам як қуллаи саркаш қатори қуллаҳои кўҳ,
Ту ҳам як чашмаи ҷўшон миёни чашмасоронӣ.
Ту бо он гулхани рақсандаю бозигарат шабҳо
Яке истораи тобони байни ахтаристонӣ.

Туйӣ як кабки маст аз бўи атромези ҷангалҳо,
Аз ин қулла ба он қулла сабукболона дар парвоз.
Дара пур мешавад аз қоҳ-қоҳи хандаҳои ту,
Аз ин теға ба он теға ҳар он гаҳ дардиҳӣ овоз.

Чунин озод мебошу чунин дилшоду нирўманд,
Ҳазорон арча то гирад ба худ сарсабзиҳои ту.
Ҳазорон лола гирад ранг аз сурхии рухсорат,
Ҳазорон пайраҳа монад ба ҷои нақши пои ту.

МЕҲМОНИ ПАДАР

Чароғак мезанад чашми падар имшаб.
Чу меҳмонаш шудам бори дигар имшаб,
Фурўзад гулхану биншаста ў бедор,
Назар созад ба рўям то саҳар имшаб.

Пазад аз нав бароям кулчаи сангӣ
Ба рўи тобасанги зери оташдон,
Падар хокистараш афшонда-афшонда,
Гузорад гарму нармак рўи дастархон.

Падар хушдил,
ризоманду сарафроз аст,
Чу дастархон дили пур аз манаш боз аст,
Диҳад айрону гўяд:
нўши ҷонат бод,
Ки ҳам хуштаъму ҳам бо бода анбоз аст.

пешина
аз 264
навбатӣ