МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Фидо гардам ба файзи лутфу эҳсонаш.
Нишаста рў ба рўям дар сари хонаш,
Шиносонад маро бо ифтихор имшаб
Ба маҳтобу ситора – ҳамҷаворонаш.
ЧЎПОНИ ПИР
Парешону ҳазин чўпони пире
Лаби рўде тани танҳо нишаста.
Чу яхбанди лаби дарё ба сармо
Лабонаш дарҳаму парсингбаста.
Ба сўи барфҳои теғаи дур
Парастуҳои чашмаш дар гурезанд,
Чу гунҷишкони рангинболи обӣ
Ба дўши мавҷ биншинанду хезанд.
Нигоҳи ташнаи ў об хоҳад
Зи ҷоми чашмаҳои нарзани кўҳ,
Нигоҳи гушнааш серӣ надорад
Зи ҳар як резасанги домани кўҳ.
Ба мисли арчаи рўйида аз санг
Хаёлаш печ-печон реша дорад,
Шукуфта дар дилаш гулҳои армон,
Зи умри рафтааш андеша дорад;
“Бигўяндам: дилат аз худ насўзад,
Ниҳоли қоматат кам-кам хамидаст,
Фароғат кун, ки чўпонӣ назебад,
Сапедӣ бар сари сабзат дамидаст.
Вале чун бе насими ағба бошам?
Куҷо ҳам бе рама бошад ҳаловат?
Куҷо бе гулхане бар сар барам шаб?
Куҷо бе шабчаронӣ дид роҳат?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё