Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қадам бинҳода рўи наъши абнои замон, оё суруди фатҳ мехонед?
Чи ҳазёне,
Чи нисёне зи таъриху зи растохези инсонӣ!
Ба ҳуш оед!
Агар бар ҷанг оғозед, Агар бар ваҳшати атом умеди чирагӣ баста, ба кори нанг пардозед, Ҳамоно хирмани бунёди худро мезанед оташ, Ва дар каҳдуд мемонед!
Ракети болдор он лаҳза мурғи бепару бебол хоҳад шуд, Ҳамоно аз шумову ҷумлаи фантоми марговар Намемонад нишони дигаре ҷуз мушти хокистар.
Агар дар фикри шаъну шавкату осоиши хешед, Ба ҳуш оеду андешед!
К-аз ин бадгавҳарӣ, бадкешиву аз ин сиёҳиҳо, Аз ин бешавқатӣ, бадхоҳиву ноҳақшиносиҳо Заминро нанг меояд,
Ки монанди шумо фарзандҳои бешараф дорад, Ва монанди шумо фарзандҳои нохалаф дорад!
ХАЁЛ

Ҳолаи моҳ ин шабу ҳар шаб
Ёдам аз хирмани падар орад,
Гўиё нури хираи маҳ не,
Бар сарам коҳреза меборад.

Ҳар касе коҳ мекашад, гўё
Бо Раҳи Каҳкашон гузар дорад,
Коҳ резону раҳравон хоб аст,
Кай аз ин ҳол ў хабар дорад.

Осмон чун танўри тафсонест,
Кулча аз моҳ дораду ахтар,
Бо алови шафақ саҳаргоҳон
Тўшаи роҳ мепазад модар.

Боз чун бўи нон кунад хушбў
Бўи шабнам машоми мардумро,
Модарам об мезанад гўё
Субҳдам кулчаҳои анҷумро.

Дар само буд аз шафақ ахгар,
Абрҳо тўдаҳои хокистар,
Модарам он даме ки бармеканд
Кулчаҳои ситораро яксар...

Дар сарам ин хаёл аз тифлӣ
Ҳамчу аҷроми чарх гардон аст,
Модарам нонпазу падар зореъ,
Хирманаш дар равоқи кайҳон аст.

Гарчи обод хони мо, аз арш
Нони серӣ ба хокиён ҷўям,
Чун ғами даҳр мехўрад манро,
Бо забони хаёл мегўям:

пешина
аз 264
навбатӣ