МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

То кунун гар гул ниҳем
Бар қабрҳои мармарин,
Бо дили пурғам,
Сари хам мениҳем,
Гўиё гул нею марҳам мениҳем
Бар саду ҳаштоду шаш захми дили ин сарзамин.
МЕШИТОБАД РӮДИ БЕША
Гулхане дар соҳили рўд, Сила месозад сари сангошдон, Чойҷўше байни оташ,
Об ҷўшон,
Дар садои ҷўши обаш
Нағмаҳои кабки хушхон.
Чанд марде дар сари кор, Дар миёна чўби васса, Чўби болор.
Он яке мезавқад аз зарби табар, Аз дами потеша меболад дигар.
Он яке биншаста рўи кундаи хушки заранг, Теша месовад ба санг.
Рўд то ёрӣ расонад,
Мезанад беист сўҳон
Сангҳои суфтаву носуфтаро.
Мекунад бедор боди раҳгузар Бешазори хуфтаро,
То аз ин мардони пуркор Қисса хонад,
Қиссаи ногуфтаро.
Мебарояд офтобу метарошад сояи кўҳ, Тарма ҳезум мефурорад аз ситеғи қуллаҳо то пояи кўҳ.
Мешитобад рўди беша, Кўлвораш пур зи реша.
Мекашад монои ман пуштора ҳезум.
Бори худро мерасонам ман ба манзил,
Рӯд аммо
Бори худро мекунад дар ними раҳ гум.
КӮЧ
Рахт мебандад зимистон,
Хонахези дилкашолест,
Бори сармоҳо ба дўшаш,
Раҳсипори пурмалолест.
Бар яхи домони соҳил
Мезанад чангол дарё,
Тахтаи яхпул шикаста
Мефишонад бол дарё.
Найзаҳои нури хуршед
Барфро бар тан халида,
Куртаи яхбофи ёла
Дар бараш ҷо-ҷо дарида.
Чун хамири наврасида
Хок аз нав гашта ковок,
Дар сари китфи хавоза
Боз хамёза кашад ток.
Саъбаҳои синасурхак
Банди дилҳоро кушода,
Парзанон рў-рўи амвоҷ
Якмаром овоз дода.
Мерасад оҳанги чокак
Аз куҷое якка-якка,
Хушхабар гўяд ба такрор
Аз баҳорон боз акка.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё