МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ОИНАИ НИЛГУН
Боз вақте ки сапеда
Сояи шабро диҳад ранг, Тобад аз нав мазраи танг, Сахраҳои пур зи гулсанг.
Ҳалқа баста чанд духтар, (Чашмаобе дар миёна), Дасту рў мешўяду мезанад бар мўй шона.
Боз чун дар оина
Оби лағжон аз бари рухсораҳои полуда, Гунаҳои бар шакархоб олуда.
Саф ба саф во тугмагулҳои шукуфон, Банди дилҳои яла чун ҳуққаи анбарфишон, Шаддаҳои ларз-ларзон.
Чашма тобад нилгун оинае, Осмони камситора саҳнае, Дар миёни саҳна рақси чанд моҳ, Акси кокулҳо ба ранги дуди печон Дар фарози осмон – тасвири оҳ.
РАФТӢ АЗ МАН
Рафтӣ аз ман,
Рафтию дар дашти урён
Ҳамсафи ман боди печон,
Ҳамраҳи ман буттаҳои хушки пешопеш рақсон,
Рафтию ман бо хаёлат
Раҳ ба раҳ бо рўд сарсон,
Раҳ ба раҳ бо абр ҳайрон.
Медиҳад ногаҳ суоле
Досаке аз яккабурс:
“Меравӣ оё,
Чаро?
Меравӣ оё,
Куҷо?”
Ман хамўшу ҷои ман момоҷавобак дар ҷавоб:
“Досак, эй досак,
Варо дигар мапурс,
Меравад, аммо намедонад чаро,
Меравад, аммо намедонад куҷо”.
СУОЛ
Ҷуз осмони тираву ташвиши абрҳо, Парвози боди нарм,
Атри гиёҳҳо,
Ҷуз хилвате, ки чокаке фарёд мекашад, Ҷуз ин навои яккае, к-аз обшори дур Чун хандаҳои духтари кўҳсор мерасад, Ҷуз моҳи байни панҷаи ларзони шохсор, Ҷуз мавҷҳои саркаши дарё, ки ногаҳон Худро ба доми ҳалқаи гирдоб мезанад.
Ҷуз теғае, ки монда сар бар бистари саҳоб, Худро ба хоб мезанад, Ку нозире дигар?
Ку ҳозире дигар?
Ку шоҳиде, ки гуфт:
Ин ҷо миёни ёлаву гулҳои ранг-ранг Гул чида мо ба ҳам, Ин ҷо ба рўи решаи урёни тоб-тоб Печида мо ба ҳам
Пайваст будаем,
Сармаст будаем?!
Гар нест нозире,
Гар нест ҳозире,
Аз ман чӣ мерамӣ,
Аз ман чӣ меравӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё