МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

СУРОҒ
Маҳ ношукуфта буду дар чашми мо шукуфта,
Вақте ки вопасин шаб моро ба дида ҷо кард,
Маҳтоб нав шукуфту дар чашми мо фурў рафт,
Вақте ки субҳ моро аз якдигар ҷудо кард.
Акнун ки кафтарони аз ҷуфти худ ҷудоем,
Ҳар субҳдам зи шабнам афшонда болу парро,
Дар дашти пурсапеда раҳгум занему пурсем
Аз кавкаби пагоҳӣ аҳволи якдигарро.
ОМОҶГОҲ
Дар ин ҷо песаи ҳар пораи марз
Ба ёд орад лаби нони зағора,
Дар ин ҷо сабз гашта ҳар сари сахт
Чу кишту варзи рўи сангвора.
Дар ин ҷо панҷа зад бар синаи санг
Чу арча решаҳои ҷони деҳқон,
Ба ҷонсахтӣ гарав аз сахра мебурд,
Ки шах шуд ҳамчу шах сутхони деҳқон.
Дар ин ҷо ҷумлаи марди қавичанг
Ба чанги бенавоӣ буд фишурда,
Ҳама сар то ба по мушти гираҳгир,
Ба сони фаркҳои печхўрда.
Дар ин ҷо чун дирафши ковиён буд
Шафақ бар фарқашон азбаски афшон,
Ба ранги интиқом аз заҷру бедод
Ливои субҳро доданд ҷавлон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё