МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ИНТИЗОР
Боз борон,
Боз борон...
Духтаре сар то ба по тар
Дар гузори интизорон.
Абри найсон боз эҳсон мекунад,
Қатраҳоро дурри ғалтон мекунад,
Пайкари чун ҷоми лабрези варо
Аз ҷавонӣ то бувад лабрезтар
Бодаборон,
Бодаборон мекунад.
Ў, ки тар шуд.
Чун гули шому саҳар шуд,
Барги зулфаш мушти зар шуд,
Тозатар шуд,
Тозатар аз барги торон.
Барги зулфаш руста ҳамчун барги зуф
Дар канори ҷўйборон.
Духтарак фаввораи зар
Дар паноҳи чатри абри даргузар.
Қатраҳои сарди борон
Дар гули рухсорааш ҷо мекунад,
Раҳгузори ошиқонро
Кони тило мекунад.
ТАСАЛЛО
Ту рафтӣ аз ману дарё
Ба ҷои ман диҳад ово:
“Чӣ бад кардам, ки ранҷидӣ
Чӣ шуд, ки меравӣ танҳо?!”
Вазида боди ҳарҷогард,
Бигўяд бо дили пурдард:
“Парешонҳолиям дида,
Куҷоҳо меравӣ?
Баргард!”
Вале аз шоха бо ҳуштак
Тасалло медиҳад чокак:
“Агарчӣ рафт, боке нест,
Пушаймон мешавад, бешак”.
ҶЎЁ
Ман куҷо ҷўям, куҷо ҷўям туро,
Баски яктойӣ миёни дилбарон,
Баски ҳар шаб менишинӣ то саҳар
Дар тарабгоҳи ниҳони дигарон.
Ман намеҷўям, намеҷўям туро,
Шод мон бо комронон, шод мон,
Базм оро ҳар шабу сармаст бош,
Ҳар киро хоҳӣ, ба базми хеш хон.
Он ки бо ман буд шабҳои баҳор
Дар канори чашмасорон, гар туйӣ,
Он ки бо ман ҳамраҳу ҳамроз буд
Дар гузори рўдборон, гар туйӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё