МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Меҷўямат дар ҷойгаҳ,
Дар пешгаҳ, дар пойгаҳ,
Дар коргаҳ, дар боргаҳ,
Чун акси маҳ аз қаъри чаҳ.
Меҷўямат, меҷўямат,
Меҷўямат, мижгонсияҳ.
Меҷўямат аз бодҳо,
Бо додҳо, фарёдҳо,
Меҷўямат аз ёдҳо,
Аз шабнами миодҳо.
Меҷўямат, меҷўямат,
Меҷўямат, имдодҳо.
Меҷўямат аз остон,
То осмон, то Каҳкашон,
Аз ҳар карону бекарон,
Аз ҳар макону ломакон.
Меҷўямат, меҷўямат,
Меҷўямат, эй дилситон.
САМАНД
Маро гуфтанд:
“Саманди бодпо аз туст, Ва ин саҳрои бефарёд!” Самандам тезтак буду сабуквор, Самандам маст буду барқрафтор, Ба як маҳмез кўҳу пуштаҳоро пушти сар мекард, Чу бод аз ҷангалу дарё гузар мекард.
Вале ман бо шикебоӣ Ба худ мегуфтам: “Эй раҳрав, Сабурӣ мекуну оҳиста раҳ мерав”.
Самандам лек саркаш буд, Самандам мисли оташ буд.
Рикоб аз пои ман бигсехт,
Маро бар рўи хок афканду худ бигрехт.
Давидам аз пасаш, аммо рамид аз ман
Дареғо, сар кашид аз ман.
Саманди бодпои ман ҷавонӣ буд,
Намедонам, ҷавониям чи сон тай шуд.
БОЗДИД
Даме рафтам ба айвонат нишастам,
Бигуфтам: дилбаро, ман ташна ҳастам,
Бидодӣ косаи обе ба дастам.
Лабамро чун лаби он коса бурдам,
Ту ногаҳ косаро ларзондӣ он дам,
Ки аз ин шўхиат якбора хандам.
Валекин дасту по хўрдам, чӣ чора?
Фитод аз дастаму шуд коса пора,
Бигуфтӣ садқаи сар бо ишора.
ГУЛХАН
Имшаб назора гўё аз шавқу лаб хомўш аст,
Бар бозиҳои гулхан аз дур дида дўзам.
Он ҳамнафас куҷову ман дар куҷоям акнун,
Оташ фитад ба сина, дар ногирифта сўзам.
Гулбагҳои оташ он ҷо шукуфта аз бод,
Аз ман алам шукуфта ин ҷо ба ҳар нигоҳе.
Рақсад ба сўям он ҷо гумгашта кўдакиям,
Ин ҷо ману хаёлу шаб то саҳар нигоҳе.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё