Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҶОМАИ КЎҲ

Ҳар куҷое пора – пора
Ҷавпая метобад аз деҳ,
Ҷомае дорад ба бар кўҳ,
Лахта-лахта, пур зи дарбеҳ.

Сангдевори фусурда
Печ-печон гирди ҳар марз,
Гўиё дар ҷомаи кўҳ
Канда ҷо-ҷо риштаи дарз.

Гарчи ҷои ҷав бирўяд
Латтахору ғеша ин ҷо,
Чун тавонад сўзани хор
Дўхтан ин пинаҳоро?

Хорҳо бар ёд оранд
Мижжаи намноки тифлон,
Дар ғами нони зағора,
Ё кафе аз ордбирён.

Буттаҳои зирку вағна
Панҷаи бемор тобад,
Сангҳо яксар сари сахт,
Чашма чашми зор тобад.

Ёд аз бебаргӣ орад
Рез-рези барги гулхор,
Хорбунҳо гашта ҳайкал
Саф ба саф бар мардуми зор.

Чарх гардад гирди хирман
Гирдбоде рақс-рақсон,
Резакоҳи ёдҳоро
Дам ба дам созад парешон.
Бе ғарам, бе хўшаву дон
Монда хирманҷо ба ёна,
Рўбучинаш мекунад бод
Бо фасона, бо тарона.

Гарчи зебад бар тани кўҳ
Ҷомае аз сабзазорон,
Бо қатори тугмаи гул,
Бахяҳои обшорон;

Чун лаби нон тобад аз дур
Ҳар куҷо осори киште,
Дар ҷабини кўҳсорон
Хатти кўри сарнавиште...

НОТАКРОР

Яке ҳарчанд гулпўш аст,
Саропо чашмаи нўш аст,
Яке ҳарчанд лабрезони оғўш аст, Куҷо бо худ туро такрор хоҳад кард?
Куҷо бо худ маро хушдор хоҳад кард?
Ки дар чашмам замоне ту парӣ будӣ, Ҳамовозе ба кабкони дарӣ будӣ.
Бо сони оҳу аз оҳу барӣ будӣ, Ба сони оҳу мамлуи шамими нофаҳои дилбарӣ будӣ, Ва моломоли нози духтарӣ будӣ.
Ва обрўи туро андозаи абрўи кабки кўҳсорон буд, Ва гесўят шабеҳи мелаҳои майдабофи обшорон буд, Ва сарбанде туро аз парниёни абри найсон буд, Ва камзуле пур аз гултугмаҳои яхчаборон буд.
Ва дар оғўши гармат гармиҳои санги аз хуршед тафсон буд.
Ва гармии алови кундаҳои дерсўзи фаркзорон буд.

пешина
аз 264
навбатӣ