МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ФИДОЙӢ
Зи фарёди кишоварзон ба вақти киштгардонӣ,
Зи лаҳни бодгар аснои авҷи майдаёхонӣ,
Зи шўри косагардонҳо ба рўи ҳар дари баста,
Зи ҳасратҳои бебаргӣ, шикоятҳои бенонӣ,
Зи овози ба ҳам бархўрдани завлонаву занҷир,
Зи доди талх, оҳи сарди зиндонӣ,
Зи озори гаронҷонӣ
Ту бишнидӣ сурўши интиқомро,
Ту бишнидӣ хурўши интиқомро.
Зи нақши кундаву ишкели банди даст, соқи по, Зи изи панҷаи бедод – ожангҳои нобарҷо, Зи ранги гунаҳои каҳрабои пойлуччакҳо, Зи хашми хўшабаста бар уфуқи дидаву дилҳо, Зи чашмони фурўрафта ба умқи косаи сарҳо Дурахшид нури озодӣ ба чашмат Битобид нақши ободӣ ба чашмат.
Зи гирудори ҳақҷўён ба қасди хештанбинон,
Зи ҳавли оташи исён ба ҷисми корфармоён,
Зи қаъри нолаву зорӣ,
Қиёми зиллату хорӣ,
Зи авҷи худшиносиҳою фавҷи норизойиҳо,
Зи ҷунбишҳои тўфонии ночорон,
Зи растохези нодорон
Хуруҷи синачокони адолатхоҳ
Ба рағми нотавонбину тоносоён
Фанои арки истибдодро дидӣ,
Бинои кохи адлу додро дидӣ.
Ва худ як ҷоннисоре дар қатори аскарон будӣ,
Ба савти Марши Ҳуррият миёни саф равон будӣ,
Ва худ муште гираҳбаста ба фарқи нокасон будӣ,
Ба фарқи бепарасторони гумраҳ соябон будӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё