МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ғеҷ-ғеҷон рўи кўҳу рўи худро
Мехарошидам дамодам;
То пайи вазза чу хатти суғдӣ монад ёдгор
Дар варақҳои пареши кўҳсор.
То бимонад саркашӣ аз кўрдуд,
Сарфарозӣ аз худу аз шўълаи худ.
То парам шабҳои сури наварўсон рўи оташ,
То бибўям мушки бурс аз мўи оташ,
Ояд аз ман бўи оташ.
ҶАМОЛАК
Ҳангоми шабдарав буд,
Вақти гули ситора,
Пур аз тарона буд дашт,
Лабрез аз шарора.
Оҳиста занг мезад
Зангўлаи ҷамолак,
Бар сина чанг мезад
Марғулаи ҷамолак.
Зангўла нею дил буд
Дар банди кокулонат,
Аз оқибат кашола
Дилҳои ошиқонат.
Шабҳо ба савти амвоҷ
Зангўла ҳамсадо буд,
Гўё ки дар лаби рўд
Лабчанги хушнаво буд.
Зангўла занг мезад
Вақте ки моҳ мехуфт,
Имшаб ба ишқварзӣ
“Омода бош” мегуфт.
Меомадам канорат
Рустакшавону дилғеҷ,
Бандинаи ҷамолак
Мезад ба гарданам печ.
Дар хирмани ҷамолак
Зангўла буд хўша,
Дар кулчаҳои рўят
Таъми ҳазор тўша.
Дардо, дарав адо шуд,
Зангўла бесадо шуд,
Чун банди ҷав ҷамолак
Аз дасти мо ҷудо шуд.
Ҳарчанд сар бикўбам
Чун рўди маст бар санг,
Зангўлаи ҷамолак
Дигар намезанад занг.
Дар хирмани Хафолак
Ман мондаму шамолак,
Баргў, ту дар куҷоӣ,
Эй соҳиби ҷамолак?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё