МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

АРЎС
Он шаб, ки рўи теғаҳо пур аз шарора буд,
Ту наварўс будию тоҷат ситора буд.
Он шаб ситора баргаки камзўлаки ту гашт,
Дар чашмакии ахтарон садҳо ишора буд.
Садҳо ишора буд, ки эй домоди осмон,
Атри гули ситораҳо аз ў шамиданист,
Ӯ ангубин зи кўзаи маҳтоб мекашад,
Дар соғари лабони ў шаҳди чашиданист.
Он шаб шукуфтӣ дар барам ҳамчун ситорагул,
Бо ту гули ситораҳо ҷо шуд ба мардумак.
Гулҳои ахтарон вале хушбўй аз ту буд,
Ба накҳати пудинаву гулҳои гандумак.
Он шаб канорам омадӣ, эй наварўси арш,
Аммо ҷиҳози хуштаре буд аз замин туро:
Бо шаддаи тилоии қоқуи гарданат,
Бо парниёни шабнаму дебои сабзаҳо.
Намесўзам зи ҳар барқу зи ҳар оташ,
Зи ҳар партав, зи ҳар як шўълаи саркаш,
Ки месўзам фақат аз барқи чашмонат.
Нагардам мавҳи ҳар бўрону ҳар хезоб,
Нагардам ғарқи ҳар тўфону ҳар гирдоб,
Ба ҷуз гирдоби оғўши шабистонат.
Намемирам на аз ҳар найзаву шамшер,
На аз ҳар ханҷари бурро, на аз ҳар тир,
Ки мемирам фақат аз теғи мижгонат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё