Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кунун мехонадам аз моварои шишаҳои обии дида Ба дурии фаросўҳо,
Ба домони уфуқи арғувоние ба ранги хилъати яздонии Марям, Ки дар оғўш дорад офтоби талъати Исо.
Ба марзе, ки зи дони ашки афтода гули рўйи Худо рўяд, Зи тухми бепаруболӣ гули боли ҳумо рўяд.

Садо додам:
ало пижвок, болам нест!
Пар овар, то бубиниям паровар!
Гарат дасте бад-ин вусъат набошад, Диранге,
То ба парвозофарин сар бар суҷуд орам, Ки боле рўяд аз дўшам муаттар чун гули насрин, шугуфо чун ақоқиё.

Сипас бо боди гулбези ниёйиш
Пари парвоз бигшоям
Ба сўйи лолазорони тулўъе дар ғуруби хеш.

5-1994
ҚУДСОШЁН

Имшаб ба хоб омадӣ,
Ай духти порсо,
Ай дилрабо зи мазҳари ишқи илоҳиям,
Ай пайки гулшани сафо!
Имшаб шамомаи биҳишт аз доманат расид,
Пур шуд фазои рўҳам аз боли фариштаҳо.
Имшаб ба оби чашмаи чашми басиратам
Барги гули ситора аз роҳи ато бирехт,
Парвезани сапедабези арш бар сарам
Симу зари шарора бо лутфи Худо бубехт.

Имшаб ба хоб омадӣ,
Пур аз шубоб омадӣ.
Бо орази гулобии гулҷўш омадӣ,
Бо қомати расидаи гулпўш омадӣ.
Имшаб зи обгинаи чашмони майкашат
Нури Худой мечакад бар соғари танам,
Имшаб манам дигар мане аз лаззати висол,
Сармасти бодаи Ҳақу бегона аз манам.

Имшаб ба хоб омадӣ,
Аз ҷилвагоҳи ҳуриён бо ҳарфи гулшукуфт.
Нилуфарони нилии чашмони рушанат
Дар биркаҳои дидаи обии ман шукуфт.
В-аз ғунчахуспиҳои мо рози нуҳуфта гуфт.

Худро шинохтам зи чашми Марямонаат,
Худро ки растаам кунун аз панҷаи бало,
Аз партгоҳи дўзахи ноҳақшиносиҳо.
Дигар на кўри кешаму бинои бехудо,
Як марди соликам кунун дар роҳи Мустафо(с).

Имшаб фалакбарпойдор
Дарҳои осмониро бар рўи ман гушуд,

пешина
аз 264
навбатӣ