Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БА ЁДИ МОДАР

Ту рафтиву нарафта ёди рӯят,
Зи пеши чашми ман ёди накӯят.

Ту рафтиву хазон гашта баҳорам,
Ту рафтиву бирафта эътиборам.

Ту рафтӣ, тира шуд шоми муродам,
Саропо талх шуд коми муродам.

Дуогӯят манам то бар лаби гӯр,
Бирезам ашк ҳамчун токи ангур.

Зи қисмат нола дорам то ба афлок,
Фурӯ шуд хонаам, эй вой бар хок.

Куҷо бурдӣ худованди маро ту,
Шабовезам кунун чун мурғи ҳақгӯ.

Нишони асли поки ман куҷоӣ,
Ки истиқболи фарзандат бароӣ?
МУҲТОҶИ БЕҲБУДЕМ МО

Дардро дармонгаре то ҳаст хушнудем мо,
Дард бедармон, ки шуд чун халқаи дудем мо.

То замоне дил тапидан дораду мо зиндаем,
Бо ҳама доду надоди умр маҳдудем мо.

Шукр гуфтан чанд шуд боз аз даҳанҳо мондааст,
Аз будаш ношукрӣ карда буди нобудем мо.

Дар пайи рӯзӣ ҳамеша дар такопӯи ғамем,
Баҳри пайдо кардани рӯзӣ пайи ҷудем мо.

Гушнаро чашмаш ҳамеша дар хаёли хӯрдан аст,
Муддате серем агар монанди Маҳмудем мо.

Дар ҳама дарди ниҳоне хуфтаву худ бехабар,
Бо ҳама сири ниҳон муҳтоҷи беҳбудем мо.

Рӯдаҳо аз гушнагӣ ҳар дам, ки таблак мезананд,
Вонамуди серӣ оварда пайи мӯдем мо.

Сода зоиданд моро содалавҳӣ кори мост,
Шеърро ҳам аз замин рӯёнда масъудем мо.

пешина
аз 51
навбатӣ