Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧИЛБОФТ КОКУЛИ ТУ

Зебандаи ҷаҳон аст,
Ороми ошиқон аст,
Аз шом як нишон аст,
Чилбофт кокули ту.

Ҳар тора зулфаконат,
Печида то миёнат,
Ин аст як нишонат,
Чилбофт кокули ту.

Зулфони ту дарозанд,
Бо мелаи ту созанд,
Ҷонро ҳамегудозанд,
Чилбофт кокули ту.

Он кокулони зебо,
Афтода то паси по,
Моро намуда шайдо,
Чилбофт кокули ту.

ЭЙ МАҲИ ДАРВОЗ

Эй маҳи Дарвоз, саломун алайк,
Дилбари танноз, саломун алайк.

Мисли ту гул нест ба рӯи замин,
Ҳамдаму ҳамроз, саломун алайк.

Чарх бизан, эй маҳи Дарвози ман,
Чарх барандоз, саломун алайк.

Аз ҳама хубони ҷаҳон беҳтарӣ,
Маҳваши дилбоз, саломун алайк.

Ҳусну ҷамоли ту бибурд дилам,
Ҳастӣ ту дамсоз, саломун алайк.

Гуфта Шарифӣ ғазали ишқи ту,
Эй маҳи Дарвоз, саломун алайк.

ТО КИ ҲАСТАМ…

Маҳлико, боз о ки оғӯшат кунам,
Гӯшвори меҳр дар гӯшат кунам.

Меҳри ту дар синаам биншастааст.
То ки ҳастам кай фаромӯшат кунам,

Мушкиле нози бутон бардоштан,
Ваҳ гарон борест бар дӯшат кунам,

Ташнаам ман ташнаи дидори ту,
Ҳамчу оби чашмаҳо нӯшат кунам.

Ишқ моро карда Маҷнуни саро,
Ман зи сӯзи сина мадҳушат кунам.

Валвала андохтӣ дар мулки дил,
Ман ба як афсуна хомӯшат кунам.

Гуфта будӣ ишқ дар сина бимурд,
Ман ба меҳри қалб пурҷӯшат кунам.

Аз матои ишқ пироҳан диҳам,
Ай азизи дил қабопӯшат кунам…

пешина
аз 39
навбатӣ