Таронаҳои дарё

ВАТАН
Ай Ватан, ман бо баҳорат зинндаам,
Бо суруди обшорат зиндаам.
Бо навои рӯдҳои дилфиреб,
Бо ҳавои кӯҳсорат зиндаам.
Меҳри ту дар сина маъво кардааст,
Ман ба дашту лолазорат зиндаам.
Ҳамчу модар меҳрубонӣ ту ба мо,
Дар канорат, дар канорат зиндаам.
Мурғи илҳомам кунад парвозҳо,
Ман ба шеъри обдорат зиндаам.
Ташнагиро бишканам дар кӯҳсор,
Ман ба шеъри обдорат зиндаам.
Тоҷикистон маскани аҷдоди ман,
Бо ҳама мардони корат зиндаам.
Нангу номуси Ватан бар дӯши мо,
Бо ҳамин халқи баорат зиндаам.
Шукри озодию истиқлоли ту,
Ман ба Вахшу бо Ҳисорат зиндаам,
Суғду Хатлонат маро пайванди ҷон,
Ман ба Рашти номдорат зиндаам.
Бо Бадахшон фахр дорам бештар,
Ман ба кӯҳу кӯҳсорат зиндаам.
Месароям ман суруди ишқи ту,
Бо навоҳои ҳазорат зиндаам.
ТУРО БИХОНАМУ ХОНАМ
Ту шамъи базми ману рӯзгори ман ҳастӣ,
Ту шодии ману навбаҳори ман ҳастӣ
Ту он қарори дили беқарори ман ҳастӣ,
Парии ишқи ману ғамгусори ман ҳастӣ.
Хушам зи бахт, ки ту дар канори ман ҳастӣ
Гули баҳори манӣ, ёри ғамгусори манӣ
Ба вақти субҳу ба шом интизори манӣ.
Гули садбарги таре ба лолазори манӣ
Чу оби соф равоне ба ҷӯйбори манӣ,
Ба саҳни боғ ба чаҳ-чаҳ ту чун ҳазори ман ҳастӣ.
Ту он маҳӣ, ки дурахшон дар осмони манӣ,
Нишаста рӯзу шабоне дар осмони манӣ.
Туро ҳамеша бихоҳам, ки ҷону ҷони манӣ,
Ту ҳамдами манию чи роздони манӣ,
Ту сарбаланд ҳамеша чу кӯҳсори ман ҳастӣ.
Биё ,биё, ки ба ту ман тарона мегӯям,
Зи ишқи Лайлию Маҷнун фасона мегӯям.
Биё, суруди дилам бо чағона мегӯям.
Биё , ки ман сухани шоирона мегӯям,
Ба ин садо ки ту дорӣ, обшори ман ҳастӣ.
Кунам дуои ту то ин ки дар амон бошӣ,
Шукуфта ғунчае дар саҳни бӯстон бошӣ.
Набинӣ олами пирӣ ҳама ҷавон бошӣ,
Чу гул шукуфтаю дур аз дами хазон бошӣ,
Ту шаъну шони ману эътибори ман ҳастӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё