Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲАДИСИ ИШҚ

Нигоҳам аз нигоҳи ту гурезад,
Ҳама оҳам зи оҳи ту бихезад,
Ба роҳи рафтаи ту интизорам,
Ки шояд гарде аз роҳи ту хезад,

Ту шаҳбайти баҳорӣ, духти Ғорон,
Маро ёру нигорӣ, духти Ғорон.
Чунонам меҳри ту дар дил нишаста,
Маро дилбанду ёрӣ, духти Ғорон

Туро аз кӯҳи Ғорон ёфтам ман,
Шукуфта барги торон ёфтам ман.
Гирифта бӯса аз лабҳои нозук,
Ба зери резаборон ёфтам ман.

Ниёзи ман, ниёзи ман туӣ ту,
Ҳама сӯзу гудози ман тӣ ту.
Ба ман афсонае аз ишқ гуфтӣ,
Ҳама афсонасози ман туӣ ту.

Бимирам, дар қадамҳоят бимирам,
Ба он нозу адоҳоят бимирам.
Ту шаҳбайти сурудам, духти Ғорон,
Ба ҳар тарзи нигаҳҳоят бимирам.

Шудам бо боли дил парвози ишқат,
Манам шаҳбози ту, шаҳбози ишқат,
Ба рақс ояд дили шайдоии ман,
Гаҳе ки бишнавам ман сози ишқат.

Ҷамолатро мунаввар дидаам ман,
Туро чун моҳи анвар дидаам ман.
Ду рухсори ту равшан дар шабистон,
Туро боло зи ахтар дидаам ман.

Бихондам, байти абруят бихондам,
Ҳазорон қисса бар мӯят бихондам,
Хиҷил шуд аз рухи ту моҳи гардун,
Чӣ хуш гуфтам, ки маҳрӯят бихондам.

Биё, ҷонанаам, ҷону дили ман,
Биё, эй моҳи ман, бар манзили ман,
Биёву сардии дайро бадар кун
Биё ки гарм гардад маҳфили ман,

Аё, эй ёри ҷонон, шод бошӣ
Аё, эй моҳи тобон, шод бошӣ,
Дуо гӯям ба даргоҳи Худованд,
Аё, сархели хубон шод бошӣ.

Зиҳӣ , эй дилбарӣ якдонаи ман,
Манам шамъу туӣ парвонаи ман.
Шабонгаҳ интизори ту нишастам,
Ки оӣ шоядам кошонаи ман.

Баҳор омад, гули наврӯзам омад,
Саҳаргаҳ дилбари дилсӯзам омад,
Матои ишқро дарбеҳ ниҳодан
Ба болинам ҳамон гулдӯзам омад.

пешина
аз 39
навбатӣ