Таронаҳои дарё

НУРИ ВАҲДАТ
Ҷамоат босафо аз нури Ваҳдат,
Замона пурҷило аз нури Ваҳдат.
Шуда кошонаи тоҷик равшан,
Ҳама ҷо пурзиё аз нури Ваҳдат.
Зи дилҳо кинаю буғзу ҳасад рафт,
Мунаввар ҳар куҷо аз нури Ваҳдат.
Ба Хатлону Зарафшону Бадахшон,
Ҳама файзу сахо аз нури Ваҳдат.
Ватан аз нури Ваҳдат нур бигрифт,
Шуда дардаш даво аз нури Ваҳдат.
ХОНАМ САНОИ ВАҲДАТ
Сад шукри Ваҳдати мо, хонам санои Ваҳдат,
Бахту саодати мо, хонам санои Ваҳдат,
Ҳар субҳ аз дилу ҷон, бо пиру бо ҷавонон,
Бо фарди миллати мо хонам санои Ваҳдат.
Аз нури Ваҳдати мо, ҳар гӯша шуд гулистон,
Ин аст ҳикмати мо, хонам санои Ваҳдат,
Мо насли ориёнем, хушбахти ин ҷаҳонем,
Ин аст қимати мо, хонам санои Ваҳдат.
Бадхоҳи ин Ватанро аз роҳ дур созем,
Ин аст хизмати мо, хонам санои Ваҳдат.
Сад шукри Тоҷикистон, сад шукри боғу бӯстон,
Ин ҷост роҳати мо, хонам санои Ваҳдат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё