Таронаҳои дарё

ДОМАНГИР
Ман қалам гираму дар дафтари худ бинвисам,
Бевафоии туро, эй маҳи Шуғнонии ман.
Сари шаб то ба саҳар дар ғами ту менолам,
Кай расад бори дигар оӣ ту меҳмонии ман.
Ба ту аз меҳру вафо боз сухан мегӯям,
Чида гулдаста ба пою қадамат мерезам.
Гар наоӣ ту ба болину напурсӣ ҳолам,
Хосу хошоки ҷаҳонро ба сарам мебезам.
Ба мани сӯхта як шуълаи рухсори ту бас,
З-он ки ман ошиқи рӯи туам, эй ёри азиз.
Дар ду олам набувад ғайри ту ғамхор ба ман,
Ғайри ту нест маро ёри вафодори азиз.
Оҳ, сад оҳ, ки дурам зи барат, эй дилбар,
Сари шаб то ба саҳар аз ғами ту менолам.
Кай расад боз ба ҳам рози дили худ гӯям,
Номи некат ба забон мебараму меболам.
Гар бимирам ба забон номи накӯят мирам,
З-он ки пайванди дилам будию пайванди гилам,
Ёд кун аз мани дилхаста, даме ёд бикун,
Гӯ, ба рӯи ҳама олам, бувад ӯ банди дилам.
Гар биёӣ бар сари турбати ман пас аз марг,
Кафану турбати ман аз ту бувад домангир.
Сар барорам зи лаҳад рост ба рӯят гӯям,
Дур шав аз бари ман домани дигар кас гир!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё