Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШОИР
(Ба устод Ширин Бунёд)

Чаро хотирпароешону малолӣ ,
Чаро хомӯшу сархам меравӣ роҳ,
«Ба ёди кист ин сӯзи дарунӣ»,
Чаро афсӯс хӯрда мешавӣ оҳ.

Ту оё бо хаёли ишқи хубон,
Ҳамсӯзӣ шабу рӯзон дар оташ.
Ва ё гаштӣ ҷудо аз дӯстдорат,
Туро монда миёни обу оташ.

Ҷавобам гӯ, аё марди хаёлӣ.
Ба дардат то биёбам ман давое.
Ва ё бо нолаи сетору танбӯр
Ба дармонат кушоям ҳам, навое.

Намеёбӣ давоям, гуфт шоир,
Табобот кардани ин дард мушкил.
Намесӯзам ба ёди гулнигоре,
На фикре бар сарам аз ёри хушгил.

Маро ҳамдам бувад танҳо дили ман,
Ба ғайри ӯ гули хушрӯ надидам.
Арӯси нозанинам шеъри рангин,
Ба сад заҳмат, ба сад ранҷ офаридам.

НУРИ РОҒУН

Диёрам пурзиё аз нури Роғун,
Ба дил сидқу сафо аз нури Роғун.

Шавад кошонаи тоҷик равшан,
Ҳама ҷо пурҷило аз нури Роғун.

Шуда майдони ҳарбу зарб ин ҷо,
Сафои дидаҳо аз нури Роғун.

Ба қалби мост меҳри Тоҷикистон,
Мунаввар қалбҳо аз нури Роғун.

Бувад уммеди фардои ману мо,
Ба дил бигрифта маъво нури Роғун.

Зи Риштон то ба Хатлону Бадахшон,
Бигардад босафо аз нури Роғун.

Ду чашми хирабинон нур гирад,
Дурахшон дидаҳо аз нури Роғун

Шуда вирди забони халқи олам,
Бувад машҳури дунё нури Роғун.

Чунон боҳиммат аст он садри кишвар,
Барад моро ба фардо нури Роғун

Сано гӯям ба он нурофаронаш,
Садо ояд: Сано бар нури Роғун.

пешина
аз 39
навбатӣ