Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаво гар офтобу соф бошад,
Ҳар одамзод роҳи корёб аст.
Бидон бенармиҳои нури хуршед
Тамоми ҷинси олам дар азоб аст.

Касе гирад агар дасти фитода,
Нишони хайру мардиву савоб аст.
Қатори қофиягӯёни олам
Бидон Қурбоналӣ ҳозирҷавоб аст.

8-УМИ МАРТИ 2006

Бонувони нурбахшои Ватан,
Нури ҳар як хонаву ҳар анҷуман,
Ҳуснатон боло зи гулҳои чаман,
Хушсухан аз тӯтии ширинсухан.

Гар бигардад ҳар гуле сӯи шумо,
Гул надорад хандаву бӯи шумо.
Шавқ бахшад Зӯҳраи рӯи шумо.

Зан ҳақиқӣ нурбахши хона аст,
Баҳри мардаш гавҳари якдона аст.
Мард дар шамъи рухаш парвона аст,
Хонаи безан чу як вайрона аст.

Мекунам андешаи наздику дур
Ҳар ки беилм аст, бошад афти кӯр.
Бе занон дунё надорад зебу нур,
Бе зану дандон ҷаҳон бошад чу гӯр.

Ҳар зане соҳиб ба ҳавливу дар аст,
Мазҳабаш пок касту баччапарвар аст.
Гар ба қалбаш тарси рӯзи маҳшар аст,
Бандаи ҳақ уммати пайғамбар аст.

Модарону хоҳарони хушлиқо,
Дастҳо бардорам аз баҳри дуо:

пешина
аз 119
навбатӣ