Фурӯғи пирӣ

Посбон шав дар ҳама атрофии манн,
Нӯш кун аз чашмаҳои софи ман.
Тоза кун ҳар хору ҳар чанги маро,
Ҳифз кун ҳар пораи санги маро.
Аз ту мехоҳам ватанпарвар шавӣ,
Як нигаҳбони мани модар шавӣ.
РӮЗИ ИДИ МАТБУОТ
Матбаа, як қосиди рӯи ҷаҳон гӯям туро,
Розгӯву дилнавози одамон гӯям туро.
Мерасонӣ бар ҳама ки аз хабарҳои ҷаҳон,
Баҳри мардум қосиди ҳозирбаён гӯям туро.
Диққати хонандаро, ки қалб месозӣ ба худ,
Маҳрами рози дили хонандагон гӯям туро.
Кори ту бисёр аммо менагардӣ ҳеҷ пир,
Қосиде сарсабзу ҳам як дилҷавон гӯям туро.
Мушаки даврони мо то бар қамар парвоз кард,
Гаштаӣ ҳамдам ба моҳи осмон, гӯям туро.
Ман ки мехонам турову ҳар чи медонам зи ту,
Беҳтарин як қосиди хизматрасон гӯям туро.
Мекунад васфи туро дар шеъри худ Қурбоналӣ,
Ҳамдаму ҳамрози мардум ҷовидон гӯям туро.
ҲАШТУМИ МАРТ, ИДИ ЗАНОН
Эй модарон, эй хоҳарон,
Эй бонувони меҳрубон,
Ҳар як заъифи нозанин
Баъзеатон хонанишин.
Баъзе баилму боҳунар,
Курсинишину роҳбар.
Нафъоваре бар ҷамъият,
Ҳастед нахли пурсамар.
Садҳо занони пахтакор
Пурғайрате, мардонавор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё