Фурӯғи пирӣ

САНДАЛӢ
Дӯстон, бисёр ҳастам дӯстдори сандалӣ,
Мухтасар хоҳам кунам гуфтугузори сандалӣ.
Дар замистон сандалиам рӯи чакдон мениҳам,
Паҳн созам хони нонамро ба тори сандалӣ.
Пойҳоям шуд варам, дармон набахшидам ҳаким,
Ёфт дармон аз алови дорувори сандалӣ.
Дар вуҷуди пир ҳар сон дард пайдо мешавад,
Ҳар зимистоне ба худ бояд бидорӣ сандалӣ.
Ман ки пиру дардмандам ҳар зимистони хунук,
Ҳар ду поям мениҳам андар канори сандалӣ.
Гоҳ сар монда ба болин пойҳо карда дароз,
Гоҳ бори тан кунам такя ба бори сандалӣ.
Ту бидон, Қурбоналӣ ҳар сол медорад нигаҳ
Аз зимистон то ба мавсими баҳорӣ сандалӣ.
УСТО АМОН
Дар Ховалинги мо бувад
Бисёр устоҳои чӯб.
Дар байнашон ҳақиқатан
Усто Амон устои хуб.
Аз рӯи ҳар касбу ҳунар
Ҳар ҷой шоён гаштааст,
Бообрӯву хоксор
Пеши калонон гаштааст.
Рафта ба чандин ҷойҳо
Усто иморат сохтаст,
Монандаи наққош ӯ
Ҳар гуна гул андохтаст.
Бинмо сафар аз Ховалинг,
Рафта зи сангобе гузар.
То деҳи Чуқрақ по бимон,
Масҷиди он ҷоро нигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё