Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Яке хушхони хизматгар,
Ягона андар ин кишвар.
Ба ҳар як сина шавқовар
Бувад Ҷамшеди Исмоил!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ШУДАСТ

Шоҳи мо, ки вориси Исмоили Сомон шуда,
Бохабар ӯ аз ҳадису ояти Қуръон шуда.
Ҳар куҷое рафт, бо худ бурд номи тоҷикон,
Тоҷики ман бемуҳобо, шӯҳраи даврон шуда.
Роҳсозӣ, пулсозӣ хулқи неки одамист,
Пешасози хулқи некӯ аз дилу аз ҷон шуда.
Нақби Анзобеву Шаршар шоҳкориҳои ӯст,
Дида шероне, ба кораш дода тан, ҳайрон шуда.
Баъди чанде нурҳои барқҳо ояд ба кор,
Тоҷикистонро ту мебинӣ, ки нуристон шуда.
Нури барқи тоҷикон равшангари ҳар гӯшаи
Мулки Афғониву Ҳинду Чину Покистон шуда.
Фахр месозам зи ҳимматҳои шоҳи тоҷикон
Марқаде аз ҳимматаш бар ҳазрати Султон шуда.
Роҳҳо пайвандсози қалбҳои мардум аст,
Ин сухан зебост, мақбули ҳама шоҳон шуда.
Рафтуои тоҷикони ҳинду чин гардида беш,
Зиндагӣ зебову нархи молҳо арзон шуда.
Танзими ойину расми тоҷикон иқдоми ӯст,
Зан гирифтан бар ҷавонони ватан осон шуда.
Ин Ватан ободу тинҷу дилнишину дилрабо
Аз адолатхоҳии Эмомалӣ Раҳмон шуда.
Гарчи пирӣ қомати Қурбоналиро кард хам,
Чеҳраи нурониаш аз кори ӯ хандон шуда.

НЕСТ

Сарвареро дидаам соҳиб ба илму панд нест,
Ғайри дуздиҳои худ дигар ба коре банд нест.
Бойҳое гашта пайдо, меҳмонаш гар шавӣ,
Ба забон гӯяд биё, аммо зи ту хурсанд нест.

пешина
аз 119
навбатӣ