Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар ки тоат мекунад, фикри қиёмат мекунад,
Бо Худо ӯ банда асту уммати пайғамбар аст.
Дар қатори зиндаҳо Қурбоналиро ҷовидон
Зинда номаш дар миёни ҷумла халқи кишвар аст.

ОРЗУИ ПАДАР

Худо бачча диҳад бар кас агар, чун Беҳзод бошад,
Ба илму боадаб, соҳибҳунар чун Беҳзод бошад.
Ба ҷои коргаҳ рафтан нагашта соз шаб равшан,
Шуда бедор чун мурғи саҳар, чун Беҳзод бошад.
Барои мардуми кишвар чу як фарзанди хизматгар,
Чу нахли қадбаланду пурсамар, чун Беҳзод бошад.
Ҷавоне, ки аз ӯ боре надида мӯр озоре,
Зи ҳоли мискине ёбад хабар, чун Беҳзод бошад.
Зи гармиҳову сармоҳо ҳамеша гашта пуртоқат,
Чу шере дошта қалбу ҷигар, чун Беҳзод бошад.
Барои хизмати халқу дигар баҳри падар модар
Бубаста аз ҷавониаш камар, чун Беҳзод бошад.
Бувад ӯ баччаи шоир Ҳабибуллои Файзулло,
Худо бидҳад писар фахри падар, чун Беҳзод бошад.

СӮЗИ ДИЛИ АБДУРАҲИМ КАРИМОВ

Эй дареғо, нурпоши хонаву рӯи дарам
Даргузаштӣ аз ҷаҳон Мавлонбии ҷон, хоҳарам.
Кӯҳҳои ғуссаву ғам оваридӣ бар сарам,
Дар фироқат хӯрда ғам чун мурғи беболу парам.
Хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам,
Аз ғами ту сӯхта хам шуд алифи пайкарам.

Синну соли ту расо дар синни ҳаждаҳсола буд,
Қоматат чун лолаи бишкуфта рӯи ёла буд.
Чеҳраи рӯят базебе сад карат аз лола буд,
Рӯзи маргат хонаи мо пур зи оҳу нола буд.
Хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам,
Аз ғамат хун мечакад аз дидаҳои модарам.

пешина
аз 119
навбатӣ