Фурӯғи пирӣ

Ҳар гули уммеди худ ночида рафтӣ аз ҷаҳон,
Нағмае аз булбуле нашнида рафтӣ аз ҷаҳон,
Лаззати дунёиро нодида рафтӣ аз ҷаҳон.
Хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам,
Доимо бо қалбу ҷон будӣ маро хизматгарам
Ҳеҷ кас, ё раб, набинад доғи фарзанди падар,
Мехалад чун тир сӯзи ғусса дар банди ҷигар,
Ҳар гаҳе, хоҳар, ба пеши гӯри ту созам гузар,
Як назар созам зи дида, мечакад хун аз ҷигар.
Хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам,
Ҳар даме бо ёди ту пурғусса бо чашми тарам.
Рӯи дунёро агар кобам, намеёбам туро,
Ҷовидон рафтӣ ту ҷое, ки намекобам туро.
Орзу дорам шабе, эй нури маҳтобам, туро,
То бубинам ҳамчу зинда дар шаби хобам туро.
Хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам, во хоҳарам,
Дар миёни кулли ғам яктоӣ дар ин кишварам.
БА РӮЗИ ҶАШНИ ШОИРИ МАЪРУФИ
КИШВАРАМ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Шоире – сардафтари шеъри навин,
Дар миёни шоирон будӣ нигин.
Гашта буд ҳар ҷой садри анҷуман,
Дар дили ӯ буд дунёи сухан.
Шоиронро буд садри беҳтарин
Дар худи сарманзили тоҷикнишин.
Нутқи ӯ бисёр ботаъсир буд,
Шеъри ӯ хуршеди оламгир буд.
Дар ҷаҳон гашта раиси сулҳ буд,
Бар сафар мерафт ҳар ҷо зуд-зуд.
Буд мисли чашмае доим ба ҷӯш,
Қалби ӯ ҳаргиз намегаштӣ хамӯш.
Ҳамчунон хуршеди пурнури ҷаҳон
Гашта буд маълуму машҳури ҷаҳон.
Васфи ҳар боғу гулистон карду рафт,
Хизмати олӣ ба моён карду рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё