Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аввал ин ки дар феҳристномаҳои пешин асарҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимии С.Табаров бо хабару мақолаҳо ва мусоҳибаҳои муаллиф дар якҷоягӣ мувофиқи тартиби солҳо оварда шудаанд. Дар феҳристномаи охир бошад, осори ғановатманди устод ба қисматҳои «Асарҳои илмӣ, илмӣ – методӣ ва таълимӣ. Нашрҳои алоҳида», «Мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва нашрияҳои давомдор», «Маърузаҳои С.Ш.Табаров», «Мусоҳибаҳои С.Ш.Табаров», «Корҳои таҳриркарда ва таҳиянамудаи С. Табаров», «Роҳбарӣ ба диссертатсияҳои номзадӣ» ҷудо шуда, ба кадом забон таълиф ёфтани мавод низ ишора мегардад. Аз ҷумла, қисмати «Мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва нашрияҳои давомдор» ба риштаҳои ба забони тоҷикӣ, ба забони русӣ, ба забони ӯзбекӣ ҷудо карда шудааст.
Дар ду осорномаи пешин қисмати маводи «Адабиёт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти С.Ш. Табаров» аз рӯи тартиби алифбо оварда, соли таълиф ва забони навишти онҳо танзим нашудааст. Дар осорномаи охир бошад, ҳангоми ҷобаҷогузории маводи қисмати «Адабиёт доир ба ҳаёт ва фаъолияти С.Ш.Табаров» ҳам забони таълифот, ҳам соли таълифот ва ҳам тартиби алифбо ба эътибор гирифта шудааст. Масалан, мақолаҳои Шарифӣ А. «Олими ҷавон» ва Ефимов С. «Путь человека» ҳарчанд ҳар ду соли 1951 таълиф ёфтаанд, аввалӣ дар риштаи забони тоҷикӣ ва дувумӣ дар риштаи забони русӣ ҷойгир шудаанд. Чунин усули тартиб додани феҳристномаҳо, ки шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пеш гирифтааст, ба стандарти имрӯзаи ҷаҳонӣ оид ба библиографияи шахсӣ мувофиқат карда, боиси танзим ва мураттабии боз ҳам бештари номгӯй ва шарҳу тафсири мавод мегардад.
Мувофиқи осорномае, ки шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тартиб дода, ба табъ расондааст, алҳол номгӯи асарҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимии устод Табаров ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (баъзе асарҳо бо ҳаммуаллифӣ ва баъзеи дигар такроран чоп шудаанд) ба 65, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, хабар, маърӯза ва мусоҳибаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба 681, корҳои таҳрирӣ, таҳияҳо ва роҳбарӣ ба диссертатсияҳои номзадӣ ба 50 адад мерасанд.

пешина
аз 148
навбатӣ