Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Форсиву англисиро – гоҳ-гоҳ, немисиро ба воситаи Вандаҷону Саодатҷон, франсавиро ба воситаи Вандаҷон мехонам… Чайкин, Маррҳо, Бертелс, Бартолд… полиглот буданд».
Оре, носозгории шароити иҷтимоӣ ва муҳити ноҳинҷори зист ба Соҳиб Табаров имкон надод, ки чанд забони бонуфузи хориҷиро пурра фаро гирад, вале ҳамеша ба донишҷӯён ва ҳамсуҳбатон талқин мекард, ки бузургии шахсиятҳои ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, дар забондонии онҳо мебошад. «Забоншиноси бузурги гурҷӣ, узви вобастаи АИ Иттифоқи Шӯравӣ Георгий Ахвледиани, ки чил забонро медонист, образи марказии чандин асарҳои бадеӣ, аз ҷумла «Кулоҳи профессор Ахвледиани»-и Мирзо Турсунзодаи тоҷик гардид». Ин талқиноти устод Табаров дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сиёсати фарҳангии мамлакат иртибот мегирад.
Аз «Таассуроти ақлу дил» андешаҳои устод Табаров оид ба касбу пешаҳои гуногун равшан ҳувайдо мегардад. Устод бар он аст, ки дар зиндагӣ ҳама касб зарур ва даркор мебошанд ва онҳо муносибати самимона ва огоҳонаи инсонҳоро тақозо доранд. «Ҳар як кор, чи хурду чи калон, нек аст ё бад, агар ӯро дӯст дорӣ, хуб аст. Фарроши беҳтарин аз муаллими бад беҳтар аст, чунки яке бо дилсӯзӣ, самимона кор мекунад, дигаре дилсардона, бепарвоёна, бемуҳаббат».
Ва устод худ ба пешаи муаллимӣ аз ҳамин дидгоҳ наздик мешавад. Якуми сентябри соли 1969, ба муносибати Рӯзи муаллимон, эшон чунин қайд мекунанд: «Азоби муаллим аз азоби модар ҳам мушкилтару пурмашаққаттар аст, вале банда касби пурмашаққати муаллимиамро ба ҳеҷ касби дигар иваз намекунам».
Устод худқурбонӣ, ҷонфидоӣ ва серталабиро аз сифатҳои аслии касби муаллимӣ медонад, вале муаллиме, ки баҳри ободии Ватан ва ояндаи неки халқаш талош меварзад, ҳамаи ин душвориҳоро ба осонӣ паси сар мекунад, чун устод Табаров, ки гуфтааст: «Касби муаллимӣ дар хунам меҷӯшад ва бе он зиндагӣ карда наметавонам».
Оре, касби муаллимӣ дар сиришти устод рехта шудааст.

пешина
аз 148
навбатӣ