Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ҳабибулло, ки дар деҳаи Қурбоншаҳид бо бригадири номие ошно будааст, ба «Волга»-и ман савор шуда, дукаса ба Қурбоншаҳид рафтем ва бригадири колхози «Ленин»-ро дар хонааш ёфта, ба сӯи Эмомалӣ раҳсипор шудем.
Бригадир бо мо ба хонаи раиси куҳансолтарини собиқ дуобӣ бобои Азиз даромадем. Он мӯйсафеди нуронии хотираи қавидошта дар бораи чӣ тавр бобои Тавар бегоҳии тирамоҳе ба масҷиди деҳа омада бо мадади мутаввалии масҷид шабро рӯз карданаш ва бо тағобачааш ба хонаи ӯ рафтан ва дар шаби хобаш вафот карданашро ба мо се нафар накл кард. Бобои Азиз чӣ тавр аз ҷониби он тағобача ва дуобиҳои Эмомалӣ соҳибӣ кардани ҷасади бобои Таварро нақл карда, барои тасдиқи хақиқати суханонаш бо мо ба сӯи ғарбии деҳа ба гӯристони Эмомалӣ рафт. Ӯ дар «Волга»-и бригадир ва Ҳабибулло Файзулло дар «Волга» - и ман савор шуда ба самти ғарбии деҳа равон шудем. Баъд аз дуои кӯтоҳе хондан бобои Азиз ба мо самти шарқии гӯристонро нишон дода, дар он самт гӯронидани падарамонро тахминан гуфта дод.
Аз ҳамон соли нақли бобои Азиз ва минбаъд писари маълумоти олидоштааш, писари агрономаш Азизов ҳар гоҳе ба Душанбе меомад, дар он гӯристон даромада дуою фотеҳа мехонд. Баъди онҳо ҳоло ягона шахсе, ки аз бобои азизаш бохабар аст ва ҳар гоҳе ки ба назди мо биёяд, ба деҳаи Эмомалӣ рафта ба сари гӯри бобояш дуо мехонад, ин Олимҷон Табарови ҷияни азизи ман мебошад. Агар боз ягон
– ягон хеши андаке ақлу дониш доштаам аз Муъминобод ба Душанбе равон шаванду ба он гӯристон як сари қадам даромада дуо хонанд, нур ало нур мешавад. Мо бо Вандаҷонам на як бору ду бор ин қарзамонро ба ҷо овардаем. Илоҳо, ҷоят ҷаннат ва рӯҳат шод бошад, қиблагоҳи азизи пурармонам!
Ба ҳамаи азизону наздикон ва умуман мардуми боору номуси тоҷикам гуфтаниам, ки ба қадри падару модаратон дар зиндагию баъди риҳлаташон бирасед, агар Одами ҳақиқӣ ва биҳиштӣ шудан хоҳед, зеро розигии волидайн розигии Худо ва Пайғамбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё