Муҳаққиқи соҳибмактаб

Додарзодаи устод Олимҷон Табаров мегӯяд, ки: «Янгаи меҳрубони ман Ванда Витолдовна шарқшиноси варзида буд ва Қуръонро хуб медонист, никоҳи ин ду олими ҷавон, ба гуфти падарам, дар масҷиди Ҳазрати Мавлоно сурат гирифта будааст».
В.В.Яблонская, ки аввал ба сифати муаллима ва баъдҳо ба ҳайси муаллимаи калони забони русӣ дар гурӯҳҳои тоҷикии институт дарс медод, чун фариштаи саъд ба зиндагии олими ҷавон ворид шуд ва боиси беш аз пеш равнақ гирифтани рӯзгору фаъолияташ гардид. Махсусан, вақте ки Ванда Витолдовна ду тифли хуҷистарӯро (яке Саодат 5 ноябри соли 1946, дигаре Темур апрели соли 1952 таваллуд ёфтаанд) ба хонадон ҳадя намуд, шодии падар ҳадду андоза надошт ва боз хурсандии Соҳиб Табаров дар он буд, ки ҳамсари меҳрубонаш бори зиндагии якҷояро мардона ба дӯш гирифта, барои фаъолияти таълимию илмӣ ба шавҳар шароити мусоид фароҳам овард.
Ванда Витолдовна дар баробари тарбияи фарзанд ва таълим дар Институти педагогии шаҳри Душанбе ба корҳои илмӣ шуғл варзид: ба аспирантураи назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дохил шуд; чанд китоби дарсӣ, чун «Книга для чтения» барои синфи 6, «Книга для чтения»
барои синфи 7, «Забони тоҷикӣ» барои синфи 3 мактабҳои русиро навишт; чанд муддат бо роҳбарии профессор И.И.Зарубин ба омӯзиши шеваи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод машғул шуда, ба ин мавзеъ сафарҳо намуд ва мақолаҳо навишт (муаллима чун иштирокчии муҳосираи Ленинград бо нишон ва медали «Шастсолагии ҶБВ», унвони «Аълочии Маорифи халқи Тоҷикистон» ва медали «Собиқадори меҳнат» сарафроз гардидааст), вале ба андешаи парешон накардани хотири шавҳари фидоии илм боре аз серкорӣ ва вазнинии бори зиндагӣ шикоят накард. Барои муаллимаи талхиҳои зиндагиро чашида тинҷӣ ва осудагии аҳолии мамлакат басо муҳим ва арзишманд буд.
Муаллима, ки худ ҳангоми муҳосираи Ленинград дар ҷанги Олмон падар ва модарро аз даст дода буд, шогирдон ва хешу табори устодро эҳтиром мекард ва вақте ки мо шогирдон (чи дар кӯчаи Айнӣ, ҳавлии №42, хонаи №3 ва чи дар маҳаллаи Бинокорон, гузаргоҳи 2, бинои № 13, ҳуҷраи №4) ба хонаашон мерафтем, модарвор хурсанд мешуд ва гоҳ-гоҳ дар омади гап лаҳзаҳои талху ширини ҳаёташро ба ёд меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё