Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шаш сол боз устод Табаров бори дурӣ ва фироқ аз ёри азизро мекашад. Эшонро фарзанди калонӣ - Саодатбону парасторӣ ва нигоҳубин мекунад. Ҳар сари чанд вақт хешу табор, набераҳо ва шогирдон ба дидори домулло мушарраф мегарданд ва мебинанд, ки ин марди шариф ҳамеша хотири худро бо ёди ёри меҳрубон болида медорад.


Оре, ҷараёни зиндагии Соҳиб Табаров ба раванди тавлид ва рушду нумуи ҳамсоли худ – пойтахти ҷумҳурии азизамон шаҳри Душанбе басо шабоҳат дорад. Устод дар як деҳаи назарногири кӯҳистони тоҷик ба арсаи ҳастӣ қадам гузошта, аз лаҳзаҳои аввали даврони бачагӣ зиндагиро чун арсаи талошу набарди инсонҳои комил барои расидан ба мақсадҳои олӣ дарёфт ва ақлу заковати фитрии хешро бо омӯзишу пажӯҳиши пайваставу ҷиддӣ сайқал дода, бо дили бузург ва иродаи матин ба мавҷҳои пуртуғёни донишу маърифат даровехт ва тавонист, ки бо осори гаронбаҳои илмӣ, илмӣоммавӣ ва таълимӣ дар арсаи ҳаёти фарҳангии мамлакат ва берун аз он мавқеи муносиб ишғол намояд.
Дар «Кимиёкаҳ» ном шеъри шоир Ҳақназар Ғоиб чеҳраи фарҳангии устод Табаров чунин тасвир гардидааст:

Дар чеҳраат нишони азият нишастааст,
Дар чашми ту нишони дурахшони ҷиддият.
Дар чини рӯ нишони раҳи мушкили ҳаёт,
Дар хомаат нишони раҳи беҳтарин ният.

Эй марди тундхӯ, ба яке нимҷони хеш,
Ҷонбахш гаштаӣ ба тани хастаи сухан.
Аз хастагии хеш фаромӯш кардаӣ,
Байни саду ҳазор алавдастаи сухан.

Бо хастаҷони хеш чу Хизри ҳаётдӯст,
Огоҳ гаштаӣ ту зи кимиёкаҳи ҳаёт.

пешина
аз 148
навбатӣ