Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Олим вақте ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-и (1926) устод Айнӣ ва «Девон»-и (1938) устод Лоҳутиро бо соядасти шоир ба даст мегирад, аз ғояти шавқ чашмонаш барқ мезананд ва ҳангоме ки аввалин матни тоҷикии «Ғуломон»-ро (1935) ба даст мегирад, дар матбааи Самарқанд шоҳиди ҳуруфчинии матни мазкур буданашро ба ёд оварда, аз насиби зиндагӣ ба Худои мутаол шукргузорӣ мекунад. Ё худ ҳар гоҳ ки дар қатори рӯзнома ва маҷаллаҳои «Самарқанд», «Ойина» ва «Шуълаи инқилоб», «Ғунчаҳои наврас» ном маҷаллаи дастӣ мураттаб гардидаро варақ мезанад, хаёлаш ба давраи таҳсил ба омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб ба номи Лоҳутӣ (1937-1939) парвоз мекунад, ки ҳар сари чанд вақт гурӯҳи донишҷӯён ба табъ мерасонданд ва афсӯс ҳам мехӯрад, ки дар муддати ин солҳо боре вохӯрии эшон ба омӯзишгоҳи азизаш баргузор нагардидааст…
Оре, устод Табаров ба китобхона ва бойгонии ба ҷон парвардааш дилбастагии зиёде дорад ва имрӯзҳо тамоми вақти пурқимати эшон дар ҳалқаи ин дӯстони дерину ёрони қарин сипарӣ мегардад. Ба наздикӣ устод як даста таълифоташро ба китобхонаи миллии ба номи ҳаким Фирдавсӣ ҳадя намуд, ки дар варақаи унвони ҳар кадом таъкид гардидааст:
«асарҳоямро дар фонди махсус нигоҳ доред, то ба дасти «хонандагони» қадрношиносу носипос афтида нобуд нагарданд».
Устод аз пешомади ганҷи бойгонии хеш дар андеша аст.
Охир, ӯ аз тақдири ноҳинҷори китобхонаҳои устод Лоҳутӣ, Ш. Ҳусейнзода, Н. Маъсумӣ, С. Улуғзода… бохабар аст!
Дар ҳақиқат, китобхона ва бойгониҳои устодони илму адаб чун сарватҳои табиии мамлакат қимат доранд ва ҳифз кардану ба нафъи омма равона намудани онҳо вазифаи ҷонии меросхӯрон, давлат ва муассисаҳои илмию фарҳангӣ мебошад. Беҳуда нест, ки дар баъзе мамолики мутараққии ҷаҳон дастнависҳои нависандагони бузург дар таҳхонаҳои бонкҳо нигоҳдорӣ мешаванд.

пешина
аз 148
навбатӣ