Муҳаққиқи соҳибмактаб

Дар ҳамин маҳфил мо таи ду соат суҳбати пурмуҳтавову мароқангези меҳмони тошкандӣ, устоди М.Турсунзодаву С. Улуғзода – узви вобастаи АФ СССР М.С.Андреевро оид ба забони тоҷикӣ, ҷамъ овардани маводи фолклориву этнографӣ шунидем. Ва дар ҳамин маҳфил банда нахустин маротиба ба Ҷалол Икромӣ шинос шудам. Нависанда, ки мактуби бандаро оид ба романи «Шодӣ» хонда будааст, аз дӯсташ Бузургзода «дар байни ин шогирдон Соҳиб Табаров ҳаст-ми?» гуфта суол кард. Устодам ба нависанда бандаро муаррифӣ карда дар суҳбати сенафара, ба ҷонибдории ман, аз тарафи адиб андаке суистеъмол шудани калимаву ибораҳои шевагиро таъкид намуд». Ҳамин тариқ, Соҳиб Табаров ба тавассути Бузургзода барин устодони фозилу ғамхор ҳанӯз дар курсҳои якуму дувум ба навиштани мақолаҳо ва баъзе порчаҳои насриву драмавӣ машғул шуда будааст.
Устод Бузургзода миёни шогирдони азизи худ чун олими варзида ва донишманди фидоӣ низ маҳбубият пайдо карда, намунаи ибрат гардидааст. Устод дар қатори дигар ходимони илмии филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС чун Е. Э. Бертелс, А. Н. Кисляков, Б. Ниёзмуҳаммадов, А. З. Розенфелд, С. К. Нестеренко, С. Ч. Арзуманов, Ҳабиб Юсуфӣ ба тадқиқи масъалаҳои мубрами филологияи тоҷик ҷиддан камар баста ва чун «Зада дар забони адабии тоҷик» (1940), «Морфологияи забони тоҷикӣ» (1941), «Фонетикаи забони адабии тоҷик» (1940), «Синтаксиси забони тоҷикӣ» (1942), «Очерки мухтасари диалектологияи тоҷик» (1939), «Чистонҳо ва зарбулмасалҳои тоҷикӣ» (1940), «Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклор» (1941), «Носири Хусрав – ҷӯяндаи ҳақиқат ва инсоф» (1940) як қатор асарҳоеро офарид, ки дорои қимати барҷастаи илмию омӯзгорӣ мебошанд.
Ба қавли С. Табаров, устод Бузургзода қонунҳои грамматикиро бениҳоят хуб медонист ва забоншиноси пурра ба камолрасида ҳисоб меёфт. Касе ҳамон китобчаи дар арафаи ҷанг чопшуда – «Фонетикаи забони адабии тоҷикӣ»-ро боадолатона мутолиа кунад, эҳсос менамояд, ки дар ҳамон замоне, ки ҳеҷ гуна дастгоҳи сабткуниии овоз мавҷуд набуд, ба тавассути коми сунъӣ ва гӯшҳои худ Бузургзода савту овозҳои асосии забони тоҷикиро муайян карда тавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё