Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ё худ матнҳои фолклориву шевагиро танҳо бо алифбои нав (лотинӣ) ва танҳо бо сиёҳӣ ва хеле бодиққат навиштан зарур аст. Ва ин ақидаҳо дар асарҳояш илман амиқ исбот гардидаанд. Дар ҳамон китоби боэътибори «Фонетикаи забони адабии тоҷик» моҳияти транскрипсияи байналхалқии фонетикӣ дар сабти матн хеле возеҳ ва саҳеҳ таъкид ёфтааст.
Афсӯс, баъди ҳалокати Бузургзода ва баъди ба фаъолияти адабиётшиносӣ гузаштани Абдулғанӣ Мирзоев дар шевашиносӣ ва фолклоршиносии тоҷик оид ба сабти матн як костагие пайдо шуд, ки то ҳол ислоҳи худро наёфтааст»(57, 133).
Ба қавли Соҳиб Табаров, устод Бузургзода ғайр аз хизмати содиқона ба халқу Ватани хеш дигар орзую ормоне надошт ва, шояд, пешаи омӯзгорию пажӯҳандагиро ба хотири нафъи бештаре расондан ба ёру диёри азизаш пазируфта бошад. Ва вақте ки Ватан- модарро хатари ҷиддӣ таҳдид намуда, назди фарзандони содиқ вазифаи боз ҳам масъулиятноктаре пеш омад, ӯ бо тамоми қувваву неруи ҷавонмардӣ ба ҳимояи шарафу номуси Ватанаш бархост ва бо корномаи ҷангии худ ба кулли мардуми озодихоҳи дунё муҷассамаи муқаддаси садоқат гардид.
Соҳиб Табаров азми ба ҷанги зидди фашизм бархостани устоди худро оромона ба ёд оварда наметавонад: «Дар хусуси он ки ҷанги беамон чунин мардҳои таҳамтани моро аз байн бурд, танҳо бо афсӯс сухан рондан мумкин аст. Вале боз як чизро аз хотир набояд баровард, ки ҳангоме фашизми Германия тамоми хоки Украина, Белоруссия, Латвия, Литва, Эстонияро забт намуд, ҳангоме қисмати ғарбии Россия дар дасти фашизми немис монд, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Эммануэл Муллоқандов, аз ҷавонон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат барин родмардон, паҳлавонони таҳамтан, ватандӯстони беҳамтову баркамол, ки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, дӯстиву бародарии халқҳо буданд, дар канор истода наметавонистанд. Аз ин ҷост, ки агар чунин таъбир дуруст бошад, хизмати абадии чунин фарзандони содиқи халқи тоҷик, аз ҷумла устоди камина, аз хизмати дигарон ду маротиба мақоми болотар ва волотар дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё