Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дигар аз хусусиятҳои хоси мактаби адабиётшиносии Соҳиб Табаров, ки дар осори танқидии мунаққид низ басо барҷаста ба назар мерасад, ин пайванди илму таълим ва робитаи мустаҳками ҷанбаҳои назарию амалии онҳо мебошад.
Устод Табаров дар ҷараёни таълими донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон паҳлуҳои гуногуни илмҳои адабиётшиносӣ ва усули таълими онҳоро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор медиҳад, доир ба ин фанҳо барномаҳо тартиб дода, дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таълиф мекунад ва бо ҳамин сатҳи илмии таълифоташро ба дараҷаи нақди адабӣ ва адабиётшиносии умумиву муқоисавӣ тақвият мебахшад. Устод фаъолиятро дар Донишгоҳ аз таълими «Мадхали адабиётшиносӣ» оғоз намудааст ва баъди панҷ сол ба таълими «Асосҳои назариявии адабиётшиносӣ»
шурӯъ мекунад ва баъд ба таълими курси «Назарияи танқиди адабӣ» мегузарад, ки ин иқдомро чунин шарҳ медиҳад: «Курси «Назарияи танқиди адабӣ»-ро, ки дар тамоми дунё набуд, гузаштам, барномаашро тартиб додам, китобашро навиштам. Ин сабаб шуд, ки се китобча дар бораи назарияи танқиди адабӣ бинависам. Агар гӯед, ки асосгузори илми назарияи танқиди адабӣ дар Тоҷикистон Соҳиб Табаров аст ва он даҳ кори докторӣ мешавад, бешӯхӣ хато намешавад» (1, 195).
Дар ҳакиқат, ду ҷилди «Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқидӣ адабӣ» ва китоби «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ», ки солҳои 1980, 1983 ва 1992 ба табъ расидаанд, бо мазмун, муҳтаво ва усули таҳлил на танҳо дар адабиётшиносии тоҷик, ҳатто дар адабиётшиносии рус ва Ғарб низ намунаи барҷастаи тадқиқи назарияи накди адабӣ маҳсуб мешаванд. Ва табиист, ки асарҳои мазкур, ки дар натиҷаи омӯхтани таҷрибаи мунаққидии В. Г. Белинский, Н. Г. Чернишевский, Н. А. Добролюбов, Г. В. Плеханов, А. В. Луначарский, В. И. Баронов, Ю. И. Суровтсев барин олимони барҷастаи русу Ғарб ба вуҷуд омадаанд, ба устод Табаров дар нақди осори адибони тоҷик таъсири файзбахш расонидаанд.

пешина
аз 148
навбатӣ