Муҳаққиқи соҳибмактаб

тоҷик» ва «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ, хотираҳои хешону пайвандон ва «Арзи ҳол»-и Мунзим ҷараёни зиндагӣ, айёми донишҷӯӣ ва инкишофи фикрию фаъолияти адабии ин адиби муборизро басо амиқ муайян намудааст. Маълум мешавад, ки Абдулвоҳид дар хурдӣ аз падару модар маҳрум гардида, маҳз тавассути сарпарастӣ ва ғамхории Садри Зиё ташаккул ва рушду нумӯ ёфтааст.
Мунзим, аз ҳама аввал, ба ҳунари хаттотиаш маълуму машҳур мегардад. Ӯ чанд муддат назди Шарифҷонмахдуми Садри Зиё машқи хат намуда, чун муншии дарбори ин шахсияти маъруф фаъолият мекунад ва баъд дар мирзохонаи Насруллоқӯшбегӣ ба хидмати китобат маъмур гардида, ба унвони Мирзо соҳиб мешавад. Табиист, ки Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим асарҳои зиёдеро китобат намудааст, ки дар байни онҳо китобати Қуръони маҷид, «Наводир-улвақоеъ»-и Аҳмадмахдуми Дониш ва Мунтахаби ашъори Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат дорои аҳамияти калони илмӣ мебошанд. Қуръони маҷид, ки аз тарафи Мулло Абдулвоҳиди Котиби Ҷӯйборӣ ва Мулло Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар соли 1327 ҳиҷрӣ (1909 мелодӣ) китобат меёбад, се маротиба дар Самарқанд табъ мегардад: «Алҳамдулилоҳи вал мина, ки бори савум Қуръони маҷид ва китоби ҳамид бо қалами шикастарақами муҳаққари қорӣ Абдулвоҳиди Бухорӣ мунтабиъ гардид. Аз тиловаткунандагони ин Каломи Шариф риҷоманд ва умед дорам, ки баъд аз ҳар тиловат, ки дуо ва фотеҳа мекунанд, ин бандаи гунаҳкори ғариқи дарёи исёнро аз хотири мубораки шарифи худ фаромӯш накарда, ба караму эҳсони худ ва фотеҳа ёд кунанд» (15, 158).
Устод Табаров фаъолияи хаттотии Мунзимро дар таърихи афкори сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик ниҳоят арзишманд арзёбӣ карда мефармояд: «Агар Мунзим дар таърихи афкори сиёсиву ҷамъиятӣ ва тамаддуни халқи тоҷик дигар ҳеҷ коре намекард ва танҳо бо ҷамъ овардану бо хатти зебои худ, ки он ҳам як навъи санъати олитарин ба шумор меравад, нусхабардорӣ кардан ва маҳфуз доштани «Наводир-улвақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ашъори Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат иктифо менамуд, номи худро барои насли минбаъда ҷовидон мегардонд» (49,89).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё