Муҳаққиқи соҳибмактаб

Дар нақди устод Табаров, Мунзим анъанаи ғазалсароиро батамом риоя карда, муҳтавои онро дархӯри рӯҳи замон намудааст. Муҳаққиқ менависад: «Мутолиаи ду ғазали фавқ ва эҷоди якчанд назира ба ғазалҳои шуарои гузашта – Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва ҳамзамонони шоир – Наҷиби Ҳинду, Абулқосим Лоҳутӣ ва ба дигар шоирон собит менамояд, ки ин шоири маорифпарвар ба ғазалсароӣ завқи ниҳоят калон доштааст» (48,110), ба дараҷае ки дар ғазалҳои аввалинаш аз уҳдаи назирасароӣ пурра баромадааст. Ин ҳолатро алалхусус аз мақтаи назираи ба ғазали Камоли Хуҷандӣ гуфтаи Мунзим баръало мушоҳида кардан мумкин аст:
Камол:
Гуфт: «Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол, Қаъри ин дарё бипаймо сарбасар». Гуфтам:
«Ба чашм».
Мунзим:
Гуфт:– Дар дунболи ман чун бод дав. Гуфтам: – Ба сар, Гуфт:– Мунзим, рез хуноби ҷигар. Гуфтам:– Ба чашм.
Ҳамчунин, устод маҳорати баланди ғазалсароии Мунзимро дар пайравӣ ба ғазалҳои илтизомии «Обу теғ»-и Восифӣ таъкид мекунад. Бо таҳлили муфассали ғазали «Обу теғ»-и Мунзим, аз ҷумла байтҳои:
Намезанӣ ба дами теғи тезу мехоҳӣ,
Маро чу моҳии беоб изтироб диҳӣ.
Надода об, ба каф теғ, ташна хоҳӣ кушт,
Чӣ кардаам, ки маро инчунин азоб диҳӣ –
муҳаққиқ бо чунин хулоса меояд, ки «ҳанӯз дар солҳои пешазинқилобӣ, аз давраи аввали фаъолияти эҷодияш дар ихтирои як навъи ниҳоят мураккаби ғазал– дар офариниши ғазали илтизомӣ яке аз шоирони баркамол будани Мунзимро баръло мушоҳида кардан мумкин аст» (55,117).
Устод Табаров фаъолияти шоирии Мунзимро ба фаъолияти иҷтимоии ӯ тавъам медонад ва барои тасдиқи ин ақида қасидаи «Мактаб»-и шоирро, ки аз 31 байт иборат буда, ба таърифу тавсифи мактаб, илму маориф ва муаллим бахшида шудааст, мавриди баррасии муфассал қарор медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё