Муҳаққиқи соҳибмактаб

Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ» (ҷ. 1 соли 1963 ва ҷ. II соли 1978), ки аз тарафи Ҷ. Азизқулов ва З. Муллоҷонова таҳия гардидааст ва «Мирзо Турсунзода, Нишондиҳандаи библиографӣ» (Душанбе, 1972), ки аз тарафи ходимони шуъбаи илмӣ- библиографии Китобхонаи илмии марказии АИ Тоҷикистон мураттаб шудааст, бо фарогирӣ ва пуррагии маводи пешниҳодшуда фарқ мекунанд.
Соли 1961 бо қарори Шӯрои таҳрирӣ – нашрии АИ Тоҷикистон дар Китобхонаи илмии марказии ин муассиса силсилаи «Биобиблиографияи олимони Тоҷикистон» ба роҳ монда шуд ва дар ин силсила феҳрастномаҳои шахсии академикҳо ва аъзо-корреспондентони АИ Тоҷикистон, одатан ба муносибати ҷашнҳои солгарди донишмандон, фаро гирифта мешаванд. То соли 1984 25 номгӯи ин силсила бо номҳои «Павел Николаевич Овчинников», «Бобоҷон Ғафурович Ғафуров», «Рауф Баротович Баротов», «Константин Титович Порошин» ва дигарон ба табъ расид.
Соли 1984 ба муносибати 60-солагии устод Табаров Китобхонаи илмии марказии АИ Тоҷикистон осорномаеро бо номи «Соҳиб Шуҳратиевич Табаров» (номгӯи 26-ум) аз тариқи нашриёти «Дониш» ба табъ расонд, ки он аз бахшҳои «Саҳнаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти С.Ш.Табаров», «Очерки мухтасари ҳаёт ва фаъолияти олим», «Рӯйхати асарҳои чопшуда», «Асарҳои таҳриркарда ва тартибдода», «Адабиёт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти С.Ш.Табаров», «Нишондоди алфавитии асарҳои С.Ш.Табаров», «Нишондоди номҳо»
иборат аст.
Бахши «Очерки мухтасари ҳаёт ва фаъолияти С.Ш.Табаров» ба қалами профессор Р. Мусулмонқулов тааллуқ дорад ва он ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таълиф ёфта, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти қаламкашии устодро фаро гирифтааст. «Таълифоти С.Ш.Табаровро, - қайд кардааст Р.
Мусулмонқулов, - мувофиқи хусусият, моҳият ва арзиши худ ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст: 1.
Мақолаҳои тарғиботӣ; 2. Тақризҳо, мақолаҳои танқидӣ; 3.
Тадқиқотҳои монографӣ; 4. Асарҳои дастурию таълимӣ»
(26,16).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё