Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нозаш барад ба як бор
Аз дил ҳазор озор
Монанди шеъри Сайёд,
Монанди шеъри Бозор.

Пероҳанаш тунук, вой,
Оҳо, танаш хунук, вой!
Хӯрдаст ҳай хунук, вой,
Мурдаст ай хунук, вой!

Мо медиҳем молиш,
Вай мекунад чӣ нолиш.
Бистар биёру болиш,
Хушрӯйтар бимолиш.

Найрангҳои нолиш,
Найрангҳои молиш!
Ҳай рангҳои нолиш,
Ҳай рангҳои молиш!

Найрангҳо диловез,
Ҳай рангҳо диловез!
Дорад Камони Рустам
Кай рангҳо диловез?!

Бо рангҳо биёвез,
Оҳангҳо диловез!
Сад ранг аз наво рез,
Сад ранг аз ҳаво рез!

Оҳанги ранг резӣ,
Оҳанги рангрезӣ
Бисёр нозанин аст,
Ҳо, ранги рангрезӣ!

Нолиш чӣ гуна ширин,
Молиш чӣ гуна ширин!
Молиш чӣ нозанин аст,
Нолиш чӣ нозанин аст!

Молидани саропо,
Болидани саропо!
Аз ин ҳама чӣ хушрӯ
Нолидани саропо!

Бинам танаш агар, вой!
Дасте занам ба сар, вой!
Монанди Нури Сармаст,
Монанди ӯ Забардаст.

Ҳуш аз сарам парад, вой!
Хуш аз сарам парад, вой!
Бин, ҳушпарӣ чӣ ранг аст,
Бин, ҳушбарӣ чӣ ранг аст!

Афтам ба пеши пояш,
Дар сина неши пояш.
Ду поча нозанин аст,
Ду по чӣ нозанин аст.

Дар пои нозанинаш,
Дар ҷои нозанинаш
Озод афтам, э вой,
Озода афтаме, вой!

Хушрӯ нигар, дили ман,
Пои тараш чӣ хушрӯ!
Дар ҷои тар ситодаст,
Ҷои тараш чӣ хушрӯ!

пешина
аз 162
навбатӣ