Дарахти Ватан

Ҳай тардарахт зебост,
Ҳай тар ду рахт зебост!
Рахту дарахт хушрӯ,
Печида сахт хушрӯ.
Рахту дарахти тоза,
Хушрӯи сахти тоза.
Хушрӯи мо чӣ сахт аст,
Сахт аст, сахт пухта-ст!
Мо хому хомховем,
Одам шудему говем!
Гулреза хандарез аст,
Дилреза хандарез аст.
Гул реза, реза, реза,
Дил реза, реза, реза.
Тирезаро кушодаст,
Дасташ ба мо кушодаст.
Гӯяд ба ханда ҳай-ҳай,
Гӯяд ба ханда вай-вай!
«Ҳай нозанин шидай тар,
Вай! Нозанин шидай тар!
Вай тар шидаст хушрӯ,
Вай! Тар шидаст хушрӯ!
Вай тар шидасту мо не,
Ҳай ҷон, Худои ҷоне!
Борон задаст созаш,
Ҳай ҷон, задаст созаш!»
Гулреза кабки масте,
Ранге, ки май задасте!
Нобуди мову сад май,
Дунёра ҳай задасте!
АРҒУВОН
Нома ба устоди азиз Бозор Собир,
ки дар шаҳри Сиэтли Амрикосту мегӯяд:
Мо дар ин шаҳр надорем рафиқ...
Юсуфи гумшуда, бархезу биё
Ту дар он шаҳр надорӣ ҷӯра,
Ту дар он шаҳр чӣ дорӣ, ҷӯра?
Ҷӯраи ҷон, ҳамаро мону биё,
Раҳ ба раҳ шеъри маро хону биё!
Оҳ, аз он шаҳр ту бархез, биё,
Даст бар дасти писар, хез, биё,
Ҷону дил, ҷону ҷигар, тез биё,
Дер шуд, дер, дигар тез биё!
Ту дар ин шаҳр, ки гум кардӣ дӯст,
Ту дар он шаҳр чӣ гум кардӣ, дӯст?
Ту дар он шаҳр киро мекобӣ?
Ту дар он шаҳр чиро мекобӣ?
Ватан он ҷост, ки озораш нест?
Ватан ин ҷост, ки Бозораш нест?
Ватанерост, ки бозор ҳазор,
Нест Бозори ягонаш ба канор!
Бӯи зиндон дигар аз ту наравад,
Сӯзи ҷону ҷигар аз ту наравад.
Наравад рӯи сиёҳ аз нигаҳат, –
Он ки мекард ба сад рӯ сияҳат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё