Дарахти Ватан

Сармаст азизи нозанин аст маро,
Кардаст азизи нозанин маст маро.
Маст асту бибастаст маро бо мастӣ,
Бастасту шикастаст маро бо мастӣ.
Гардонд яке нигори хушрӯ дастам,
Гуфтам бинигар, зи ёри хушрӯ мастам.
Ман мастаму ёри ман бибастаст маро,
Дидӣ, ки шикори ман шикастаст маро?
Эй зан, ту мазан маро зи раҳ, метарсам,
Аз мастии ду чашми сияҳ метарсам.
Як маст балои ҷони сад девонаст,
Девона яке манам, туро ҳаст ду маст.
Дар дасти занони роҳзан гар бизанӣ,
Як сар ба замин, ду даст бар сар бизанӣ.
Аз дастзаниву сарзанӣ судат нест,
Теғе ба дилу ҷигар занӣ, судат нест.
Аз пушти занон агар чунин мегаштем,
Кайҳо, ба Худо, хоки замин мегаштем.
Аз рӯи замин, ки бар ҳаво мерафтем,
Бар чашми тари ситораҳо мерафтем.
Ин ёри азиз мекунад ҷанг маро,
Ин ёри азиз мекунад ранг маро.
Дар пеши азизи худ шавам сурху сафед,
Эй рӯсияҳон, дигар сиёҳам накунед.
Эй ҷон, дили ман барои ту месӯзад,
Аз нолаву гиряҳои ту месӯзад,
Чун ашк ба чашмҳои ту месӯзад,
Мерезаду пеши пои ту месӯзад.
Бигзор ҳазор гиряи зори маро,
Бигзор ба ман ҳазор озори маро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё