Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар сӯй агар ки рӯ намудем,
Девона шуданду роҳ бастанд.
Бо пастии хеш боз нозанд,
Пастанд чунин, ки роҳ бастанд.
Мардум ҳама донад, ин гадоён
Гарданд агар ки шоҳ, пастанд.
Дидем, сарони пӯки онҳо,
Оре, ба таҳи кулоҳ пастанд.
Бовар накунӣ агар, азизам,
Як бор бикун нигоҳ, пастанд.
Не, не, ба Худо, дареғ бошад,
Зинҳор накун нигоҳ, пастанд.

Зинҳор накун ту дилсиёҳӣ

Зинҳор накун ту дилсиёҳӣ,
Охир, ту зи мо дигар чӣ хоҳӣ?
Боре ту барои мо нахоҳе
Чизе, ки барои худ нахоҳӣ.
Дарвешии мо хуш аст сад бор,
Оре, ба Худо, зи подшоҳӣ.
Зинҳор ситам ба кас накардем,
Мардум ҳама медиҳад гувоҳӣ.
Дидем ситам зи каҷкулоҳон,
Фарёду фиғон зи каҷкулоҳӣ.
Ҳар ду бари рӯи ту сиёҳ аст,
Ин гуна чаро ту рӯсиёҳӣ?
Кардӣ ту сиёҳ рӯзи моро,
Дунё ҳама медиҳад гувоҳӣ.
Бас нест магар ҳамин сиёҳит,
Аз бахти сиёҳи мо чи хоҳӣ?
Дар чашми сиришкбори мо ту,
Аз баҳри Худо, накун сиёҳӣ!

пешина
аз 162
навбатӣ