Дарахти Ватан

Аз дасти замона бар сари хеш
Дудаста накӯб, мешавӣ ҳайф.
Аз дасти замона хӯрдаӣ ту
Сад химчаву чӯб, мешавӣ ҳайф.
Гар дар таги сар ниҳодаӣ санг,
Хондӣ ҳама хуб, мешавӣ ҳайф.
Онон, ки дигар ғаме надоранд,
Гӯянд: чӣ хуб, мешавӣ ҳайф.
Зан бар сари бесарон ту ҷорӯб,
Ту роҳ нарӯб, мешавӣ ҳайф.
Гуфтам, ба Худо, туро падарвор,
Эй духтари хуб, мешавӣ ҳайф!
Эй, дар сари ту хаёли ҳурон
Эй, дар сари ту хаёли ҳурон,
Дорӣ ҳаваси висоли ҳурон.
Бас нест, ки чанд ёр дорӣ
Ту дар бари худ мисоли ҳурон?!
Аз моли ҷаҳон ту кай шудӣ сер,
Кай сер шавӣ зи моли ҳурон?!
Моли ҳамаро ҳаром хӯрдӣ,
Бар туст ҳалол моли ҳурон?!
Ҳурон ба ту гар шаванд ошиқ,
Дар хоки хунук висоли ҳурон!
Ранги хунуки ту гар бубинанд,
Беранг шавад ҷамоли ҳурон.
Дар хоки хунук сари ту сад бор,
Эй, дар сари ту хаёли ҳурон!
Эй хоҷа, бигӯ, ки мо киёнем
Эй хоҷа, бигӯ, ки мо киёнем?
Лутида ба хок хокиёнем!
Тозем ба хӯрдани худоӣ,
Ҳе, баста миён ба локиёнем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё