Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз додани дигарон чӣ дидӣ?
Додӣ ҳамаро, ба мо надодӣ.
Мо дар сари кӯча зор мурдем,
Ту сар зада бар ҳаво, надодӣ.
Мурдем барои бӯсае, вой,
Мурдӣ ту ҳаму ба мо надодӣ.
Мо чизи дигар бидеҳ нагуфтем,
Як бӯса чӣ буд, ба мо надодӣ?!

Май ганда задаст нозанине

Май ганда задаст нозанине,
Ҳай ганда задаст нозанине!
Эй вой, Худои ҷони ширин,
Вай! Ганда задаст нозанине!
Ҳай бар лаби нозанини коса
Май ханда задаст нозанине!
Мисли майи нозанин диловез
Ҳай ханда задаст нозанине!
Бо хандаи нозанин майи соз
Ҳай ганда задаст нозанине!
Дугонаи нозанинакаш гуфт:
Кай ганда задаст нозанине?!
Ман донаму донаде Худое,
Кай ганда задаст нозанин!
Ҳамсоя маро чи кард бадном:
Вай ганда задаст нозанине!
Аз ин гапи нозанин ба мастӣ
Ҳай ханда задаст нозанине!
Боре назадам ба нозанин даст,
Вай ганда задаст нозанине!
Банди дили нозанини моро
Ҳай канда, задаст нозанине!
Гуфтам ба дугонааш, ки пурсе
Кай канда задаст нозанине?!
Гуфт ӯ лаби нозанин газида,
Хай, канда задаст нозанине!

пешина
аз 162
навбатӣ